Имрӯз, 15-уми август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар пойтахт як қатор муассисаҳои нави таълимиро ба истифода доданд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳур, дар кӯчаи Лермонтови ноҳияи Сино кӯдакистони хусусии “Марям” ба истифода дода шуд. Онро дар 16 моҳ Исломҷон Муродов, соҳибкори ватанӣ сохтааст.

Бинои кӯдакистон аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 200 кӯдак дар 10 гурӯҳ пешбинӣ шудааст. Дар он барои бозӣ, истироҳат ва инкишофи бачагони синни томактабӣ тамоми шароит муҳайё аст. Дар боғчаи нав 30 мураббӣ ва дигар мутахассисон кор мекунанд.

Дар саҳни кӯдакистон 6 айвонча, майдончаҳои бачагона, муҷассамаҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ, фаввораҳои зебою тамошобоб ва дигар иншооти фароғатӣ сохта шудаанд.

1/7

Инчунин, имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе дар ноҳияи Сино марҳилаи дуюми муассисаи таълимии хусусии “Ҳоризон”-ро ифтитоҳ карданд. Муассиса барои таълими 820 мактаббача дар як баст пешбинӣ шуда, дар он 54 омӯзгор бо кор таъмин шудаанд.

Бинои таълимӣ дорои 38 синфхона, ҳуҷраҳои корӣ, толори фарҳанг бо 500 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона, толору майдончаи варзишӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон буда, "ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ сохта шудааст".

"Кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ ва дигар шароити мусоиди таълимӣ ба ташаккули дониши муҳассилин мусоидат менамояд", - навиштааст хадамоти матбуотии раисҷумҳур.
1/4

Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ додаанд, ки раванди таълим дар муассиса пурра бо забони англисӣ ҷараён мегирад ва он бо системаи “Стим Эдюкейшн” (Steam education), ки яке аз пурнуфузтарин низоми омӯзиш дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба шумор меравад, роҳандозӣ гардидааст.

Он аз ҷониби  Наврӯз Юнусов, соҳибкор бунёд шудааст.

Ҳамчунин, дар маҳаллаи Исмоили Сомони ноҳияи Фирдавсӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ мактаби миёнаи №129-ро ба истифода додаанд. Муассисаи таълимӣ аз ҷониби Умар Алимов, соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардидааст.

1/6

Мактаб барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. 56 синфхона бо лавозимоти зарурии таълимӣ, аз ҷумла 60 компютер бо шабакаи интернет муҷаҳҳаз аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.