Дар пайи буҳронӣ шудани таъминоти барқ Тоҷикистон ба хариди барқ аз Ӯзбекистон оғоз кардааст. Ҳоло аз ин кишвар ба Тоҷикистон дар як шабонарӯз то 2 млн кВт/соат барқ интиқол дода мешавад ва дар назар аст, ки он афзоиш ёбад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар доданд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, дар бораи интиқоли барқ аз Қазоқистон ва Туркманистон низ дар сатҳи вазирон тавофуқҳои пешакӣ ҳосил шудааст. Айни замон дар робита ба ҳаллу фасли масоили техникии марбут ба интиқоли барқ аз ин кишварҳо корҳо ҷараён доранд.

Тоҷикистон танҳо дар ҷанубу ғарби кишвар тариқи низоми энергетикии Ӯзбекистон (Хати интиқоли барқи 500 кВт “Регар-Гузар”) роҳи баромад ба бозорҳои хориҷиро дорад. Барои таъмини транзити нерӯи барқи Туркманистон ва Қазоқистон бо назардошти иқтидори интиқоли системаи энергетикии Ӯзбекистон зарур аст.

Дар Вазорати энергетика изҳор доштанд, ки кори мувозӣ (параллелӣ)-и низоми энергетикии Тоҷикистон дар доираи Низоми муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ, ки чунин масоилро бояд ба таври худкор ҳал мекард, пас аз пайвастшавии хатҳои шимолии ҷумҳурӣ ба “ҳалқаи энергетикӣ”-и минтақа роҳандозӣ мешавад.

Ҳамроҳшавии комили Тоҷикистон ба Низоми муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ дар семоҳаи аввали соли 2026 дар назар аст.

Хати интиқоли барқи 500 кВ "Регар-Гузар"
Акс аз торнамои minenergy.uz

 

Дар Низоми муттаҳидаи минтақа системаи энергетикии Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад?

Кори мувозӣ равандест, ки дар он ҳамаи нерӯи барқи дар нерӯгоҳҳои минтақа истеҳсолшуда (ҳудуди 90 нерӯгоҳ) ба шабакаи ягона дода мешавад. Дар натиҷа ҳар як истеъмолгар сарфи назар аз макони ҷойгиршавии худ дар кишварҳои узви низом, имкон пайдо мекунад, ки аз “дег”-и умумӣ барояи худ барқи заруриро гирад.

Дар сурати камбуди барқ, қатъи интиқоли он барои қисме аз истеъмолгарон роҳи ягонаи ҳаллу фасли масъала аст. Ин маънои онро дорад, ки дастрасӣ ба “дег“-и умумӣ барои касоне, ки ба категорияи “муҳим" мансуб нестанд, баста мешавад.

Барои идоракунӣ ва назорати система дар Тошканд маркази танзим таъсис дода шудааст, ки тақсимоти барқро ҳамоҳанг месозад. Муайян кардани маҳз барои киҳо қатъ кардани интиқоли барқ қисмати муҳими раванд буда, ин қарор аз ҷониби кишварҳои узви низом қабул карда мешавад.

Ҳар як кишвар барои гирифтани барқ меъёри муқарраршуда дорад. Агар кишвар аз меъёр барзиёд истифода барад ё ғайриқонунӣ барқ гирад, ин нақзи қоидаҳо шуморида шуда, метавонад боиси садамаи ҷиддӣ шавад ва ноқисиҳои бузургмиқёс дар низом бар асари вокуниши занҷиравӣ оварда расонад.

 

Кумаки борон

Дар Вазорати энергетика зикр карданд, ки ба беҳбуди вазъияти таъминот бо барқ обуҳавои боронии чанд рӯзи ахир низ мусоидат кард.

Манбаъ таъкид дошт, ки маҷрои дарёи Вахш, ки дар он нерӯгоҳҳои асосии барқи обии кишвар ҷойгиранд (7 нерӯгоҳ), ба таври назаррас зиёд шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳаҷми истеҳсоли шабонарӯзии барқ тайи рӯзҳои ахир (маълумоти рӯзи 12 декабр) зиёда аз 54 млн кВт/соатро ташкил медиҳад.То ин вақт истеҳсоли барқ дар кишвар тибқи маълумоти расмӣ, то ба 44 млн кВт/соат дар як шабонарӯз поин рафта буд.

НБО "Норак"
Акс аз Asia-Plus

Сатҳи об дар обанбори Норак тибқи маълумоти Вазорати энергетика, рӯзи 12 декабр ба ҳудуди 902 метр (аз сатҳи баҳр)  баробар буд, ки беш аз 3 метр поинтар аз сатҳи сабтшуда дар ҳамин даври соли гузашта аст. Дар Вазорат шарҳ доданд, ки бар асари поинравии ҳаҷми маҷрои оби дарёи Вахш, истифодаи захираҳои обанбори Норак имсол хеле барвақттар - ҳанӯз аз моҳи сентябр оғоз гардида буд.

Қобили зикр аст, ки ҳадди ниҳоӣ (максималӣ)-и пуршавии обанбор 910 метр аз сатҳи баҳр ва пасттарин - 857 метрро ташкил медиҳад. Ба ин тариқ, сатҳи фоиданоки об дар обанбор ба 53 метр баробар аст.

Ёдрас мекунем, ки маҳдудият ё худ лимити истифодаи барқ дар Тоҷикистон аз даҳаи охири моҳи сентябр амал мекунад. Охири моҳи ноябр, вақте ки барои дастрасӣ ба нерӯи барқ маҳдудиятҳои иловагӣ ҷорӣ шуданд, вазъият ба таври назаррас душвортар шуд.

Ширкати “Шабакаҳои тақсимоти барқ” он замон ба филиалҳои худ дар кишвар дастур дод, ки қоидаҳои зерин ҷорӣ намоянд:

- Пайвасти истеъмолгарони гурӯҳи 1 бо иқтидори то 5 кВт (ба ҷуз шаҳри Душанбе) ба шабака, ки ба он истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ (иншоот ё худ объекстҳо) дохил мешаванд, дар давраи маҳдудият бояд қатъ шавад.

- Дар давраи маҳдудият пайвасти “ҳисобкунакҳои ҳушманд” аз низоми биллингӣ (низоми баҳисобгирии барқ) бонавбат ва тартиби муқарраршуда (соатҳои маҳдудият дар ду банди аввал ишора нашудааст) бояд қатъ карда шавад.

Қубури бухорие, ки дар манзили баландошёна гузошта шудааст
Акс аз Asia-Plus

 

- Интиқоли барқ ба корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ аз соати 18:00 то оғози рӯзи минбаъдаи корӣ қатъ карда шавад.

- Пайвасти корхонаву ташкилотҳои боқимондаи давлатӣ аз шабака низ аз соати 18:00  то оғози рӯзи минбаъдаи корӣ қатъ карда шавад.

- барқи дастгоҳҳои рӯшноидиҳандаи кӯчаҳо, ки ба иншооти аз лиҳози стратегӣ муҳим мансуб нестанд, бояд хомӯш карда шавад.

- Игнтиқоли барқ ба ҳамаи нуқтаҳои нерӯдиҳӣ барои мошинҳои барқӣ ё электромобилҳо (EV charging station) аз соати 18:00 то 22:00 қатъ карда шавад.

Намояндагони ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” чанде пеш изҳор доштанд, ки аҳолии кишвар (ба истиснои шаҳри Душанбе) субҳ аз соати 5:30 то 8:00 ва шомгоҳон аз соати 17:30 то 21:00 бо барқ таъмин мешаванд.

Аммо сокинони минтақаҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки субҳу шомгоҳон ҳамагӣ ду соатӣ барқ мегиранд. Тайи рӯзҳои ахир сокинони ноҳияҳои ҷудогонаи Душанбе низ давра ба давра аз интиқоли барқ маҳрум мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.