Истифодаи методҳои нави рушди хоҷагии қишлоқ аз ҷумла истифодаи самараноки захираҳои обию барқӣ мавзӯи асосии вохӯрии намояндагони Бонки Эсхата бо раисони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Спитамен гардид. 

Вохӯрии мазкур идомаи кори намояндагони Бонки Эсхата дар муариффии роҳҳои инноватсионии бурдани корҳои хоҷагии қишлоқ мебошад. Яке аз чунин методҳои нав обёрикунии қатрагӣ, сохтани гармхона ва кофтани чоҳҳои амудӣ  мебошад. Иштирокчёни вохӯрӣ дар бораи афзалиятҳои намудҳои нав, технологияи насби он, роҳҳои ҷорӣ намудани онҳо, шартҳои маблағгузорӣ аз наздик шинос шуданд.

Эркин Рустамов-сардори хоҷагии деҳқонии «Бунёд-2014» дар ноҳ. Спитамен дар вохурии ташкилнамудаи Бонки Эсхата иштирок дошт. Ӯ мегӯяд, ки ҳангоми донишҷӯияш тарзи дурусти сохтани гармхона ва нигоҳубини  онро омӯхта буд. Парвариши маҳсулотҳои гуногун дар дохили гармхона бештари дарсҳои амалии донишҷӯияш аст. Аз ин рӯ, вай сохтани гармхонаро аз хурдӣ орзу мекардааст.   

Дар рафти вохӯрӣ, ки 35 нафар раисони хоҷагиҳои деҳқониро ҷамъ овард, ҳамоҳангсози агроқарзҳои Бонки Эсхата Шуҳрат Усмонов, директори филиали ноҳ. Спитамен Умаралӣ Умаров, ба ҳозирин оиди роҳҳои беҳтарин ва методҳои нави истифодаи обу замин ва натиҷаҳои онро фаҳмониданд.

Боиси қайд аст, ки Бонки Эсхата маблағҳои қарзиро барои рушди хоҷагии қишлоқ бо шартҳои осон пешниҳод мекунад. Ҳамзамон Бонк омода аст, ки машваратҳои ройгон дода, аз ҷиҳати техникӣ  дастгирӣ намояд. Барои он ки деҳқонон ҳосили хубу дилхоҳ ба даст оранд, Бонк ҳам аз ҷиҳати молиявӣ, техникӣ ва машваратӣ кӯмак расонида, дар ин кор онҳоро ташкилоти Сароб ва намояндагони лоиҳаи Климадапт ҳамраҳӣ мекунад.

Ноҳияи Спитамен яке аз ноҳияҳои аграрии вилояти Суғд маҳсуб ёфта, деҳқонон асосан бо  чорводорӣ , боғпарварӣ ва  растанипарварӣ машғул мебошанд.Иштирокчиён дар рафти мулоқот қайд намуданд, ки шарту шароити барномаи мазкур осон буда, онҳо ният дорад дар ҳамкорӣ бо Бонки Эсхата роҳҳои иноватсионии идоракунии обу замин ва қувваи барқро ҷорӣ намоянд.