Ҳудуди 14 фоизи тоҷикистониён ҳанӯз ҳам омодаанд, ки маблағҳои пасандозкардаи худро ба сифати амонат дар бонкҳо нигоҳ доранд. Чунин аст натиҷаи назарсанҷии БМТ.

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тариқи назарсанҷии он-лайн сатҳи боварии аҳолӣ ба низоми бонкии кишварро месанҷад. Дар назарсанҷӣ ба мардум дар бораи тарзҳои нигоҳдории амонатҳо савол дода мешавад.

Мувофиқи натиҷаҳои кунунии назарпурсӣ 62 фоизи пурсидашудагон посух додаанд, ки ҳеҷ гуна амонате надоранд ва аз маош то маош зиндагӣ мекунанд. Тақрибан 15 фоизи аҳолӣ чунин мешуморанд, ки тарзи беҳтарини нигаҳдории пасандозҳо «дар хона зери болишт» аст.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки 14%-и пурсидашудагон ҳоло ҳам ба низоми бонкӣ бовар доранд ва омодаанд, ки пасандозҳои худро ба сифати амонат дар ташкилотҳои қарзӣ нигоҳ доранд.

Дар ҳамин ҳол, 9 фоизи посухдодагон бар ин назаранд, ки пулҳоро нигоҳдорӣ кардан лозим нест: «масраф кардан даркор аст ва бо ҳузуру ҳаловати бисёр, зеро танҳо як бор зиндагӣ мекунем».

Қобили зикр аст, ки баъди соли гузашта ба мушкилоти молӣ дучор гардидани чанде аз бонкҳои кишвар, эътимоди мардум ба низоми бонкии Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза кам шуд. Дар натиҷа ду бонк муфлис эълон шуда, боз ду бонки дигари низомсоз ба туфайли кумаки ҳукумат ба фаъолияташон идома медиҳанд. Саҳҳомони бонкҳои дучори мушкилот то ҳол пасандозҳои худро пурра гирифта наметавонанд.