Ҳукумати Тоҷикистон марҳила ба марҳила боло бурдани меъёри андози аксизӣ ба маҳсулоти тамокуро пешниҳод мекунад. Пешниҳод мешавад, ки аксиз ба сигарет аз соли нав 3 маротиба боло бурда шавад.

Лоиҳаи қарор дар бораи афзоиши меъёри андози аксизӣ ба маҳсулоти тамокуро ҳукумат аллакай омода ва бо назардошти он лоиҳаи қонун «Дар бораи истифодаи маҳсулоти тамоку» дар таҳрири нав таҳия шудааст, ки айни замон дар палатаи поёнии парлумон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Барои баррасии лоиҳаи қонун бо доираҳои тиҷоратӣ дар Палатаи савдо ва саноат платформаи махсус таъсис ёфта, рӯзи 11 октябр лоиҳа дар ҷараёни кори мизи гирд бо намояндагони бахши хусусӣ ва мақомоти давлатӣ баррасӣ шуд.

Намояндагни мақомоти давлатӣ қайд карданд, ки дар Тоҷикистон то ҳол меъёрҳои аз ҳама пасттарин андози аксизӣ ба маҳсулоти тамоку амал мекунад.

Масалан, барои сигарети филтрдор - 1 евро ба 1000 дона ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар Қирғизистон ин меъёр ба 7 евро барои 1000 дона баробар аст. Аз ин рӯ ҳукумат тасмим гирифтааст, ки меъёрҳои андози аксизӣ ба маҳсулоти тамокуро ба меъёрҳои дар ҳамсоякишварҳо истифодмешуда мутобиқ созад.

Дар лоиҳаи қарори ҳукумат дар ин хусус, ки дар ихтиёри «Азия-Плюс» қарор дорад, гуфта мешавад, «ташаббуси боло бурдани меъёрҳои аксиз ба маҳсулоти тамоку тадбири саривақтӣ ва зарурӣ ҷиҳати афзоиши даромад ба буҷети давлатӣ ва фароҳам овардани шароитҳои баробари рақобат дар бозори маснӯоти тамоку, ҳамчунин яке аз чораҳои пурсамари коҳиши истеъмоли тамоку дар ҷумҳурӣ мебошад».

Дар маҷмӯъ, 7 баробар зиёд кардани меъёри аксизҳо ба нақша гирифта шуда, вале муаллифони лоиҳа аз эҳтимол дур намедонанд, ки ин тадбир оқибатҳои манфӣ низ ба бор оварда метавонад, аз ҷумла кам шудани бозори қонунии истеъмоли тамоку ва афзоиши назарраси қочоқи маснӯоти тамоку, болоравии арзиши он, коҳиши даромади андоз аз фоида ва андоз аз арзиши иловашуда ба буҷет аз фурӯши он ба иллати камшавии бозори фурӯши қонунии маснӯоти тамоку, зиёд шудани таваҷҷуҳ ба сигаретҳои бефилтр ё нос, ки нархашон хеле пасттар аст.

Ёдрас мекунем, ки қонуни амалкунандаи ҶТ «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маснӯоти тамоку» аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор гирифта буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.