Соли 2018 Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи наздики 182 млн. доллар ҳудуди 93 ҳазор тонна нахи пахта ва ба маблағи наздики 18 млн. доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот намуд.

Зимни нишасти хабарии рӯзи 28 январ вазири кишоварзии ҷумҳурӣ дар ин робита изҳор намуд, ки соли гузашта Тоҷикистон ба зиёда аз 25 кишвари дунё дар ҳаҷми ҳудуди 136 ҳазор тонна сабзавоту мева фурӯхта, даромад аз он 16,3 млн. долларро ташкил дод.

Зимнан зикр гардид, ки бештар маҳсулоти кишоварзии ба хориҷи кишвар содиротшуда ба хушкмева, ангур ва пиёз рост меояд.

Бино ба гуфтаи вазир, минбаъд ҳарчи бештар афзоиши коркарди мукаммали маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла нахи пахта ва сабзавоту мева низ дар дохили кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.