Барои фоидаовар шудани он, ба монанди кишварҳои ҳамсоя боло бурдани нархи харид, ҷудо кардани кумакпулӣ барои сӯзишворӣ, тухмӣ ва техникаи кишоварзӣ зарур аст.
Корхонаҳои коркарди пахта ва ширкатҳои таҳвилгари он дар Тоҷикистон ба деҳқонон барои 1 кило пахта аз 3,70 то 4 сомониву 30 дирам нарх пешниҳод мекунанд. Ин нарх натанҳо хароҷотро пӯшонида наметавонад, балки ба деҳқон зиён ҳам меорад.
“Агар ихтиёр дар дасти худамон мебуд, ягон вақт пунбадона кишт намекардем, лекин ҳукумат маҷбур мекунад, ки ақаллан, дар нисфи заминамон пахта кишт намоем”, - шикоят мекунанд онҳо.
Бино ба гуфтаи як кишоварз Н. аз ноҳияи Шаҳринав, тайи 5 соли охир нархи сӯзишвории дизелӣ аз 5 то ба 8 сомонӣ боло рафта, нархи пахта барои деҳқон аз 6,50 то ба 4 сомонӣ поин рафт.
Дар ҳамин ҳол, як кило нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ имрӯз 12-13 сомонӣ нарх дорад ва бо назардошти 1 килои онро 4 сомонӣ харидан дар Тоҷикистон, миёнаравон ҳадди ақал 5-6 сомонӣ аз ҳар кило фоида ба даст меоранд.
Кишоварзони водии Ҳисор, ки заминҳояш серҳосил аст, нисбат ба деҳқонони вилояти Хатлон бештар ҳосил мегиранд. Хароҷот барои 1 гектар замини кишти пахта дар ин ҷо бе ҳисоби пардохти андоз на камтар аз 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бо ҳосилнокии миёнаи 30 сентнер аз 1 гектар ва ба гуфтаи кишоварзони вилояти Хатлон, 20-25 сентнер дар ин минтақа, чунин натиҷа ҳосил мешавад, ки харидорон ба деҳқон барои ҳосили аз 1 гектар гирифтааш аз 6 то 12 ҳазор сомонӣ маблағ пешниҳод мекунанд.
Ана маҳз бо ҳамин сабаб кишоварзони Тоҷикистон имрӯз барои машғул шудан ба пахтакорӣ чандон майле надоранд.
Зимнан дар Вазорати кишоварзӣ деҳқононро дастгирӣ мекунанд. Мувофиқи ҳисобу китоби онҳо, хароҷоти имсолаи истеҳсоли пахта дар Тоҷикистон дар 1 гектар на камтар аз 6-7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аммо онҳо нархро барои корхонаҳои коркарди пахта муқаррар карда наметавонанд.
Дар навбати худ, корхонаҳои коркарди пахта мегӯянд, нархҳо дар биржаи Ливерпул имсол поин рафта, гӯё 1 кило пахта 14 сомонӣ нарх дорад.
Қобили зикр аст, ки аз 1 гектар ҳосили сабзавот ё полезӣ метавон то 10 ҳазор доллар фоида гирифт, лекин аз кишти пахта ба даст овардани ин миқдор даромад ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, гузаштан ба кишти сабзавот барои кишоварзон фоидаовар аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.