Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Бонки “Арванд” иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ гирифтааст.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, иҷозатномаи мазкур бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30-юми сентябр дода шуд.

Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни супоридани Иҷозатнома ба Раиси ҶСП Бонки “Арванд” Шоира Содиқова барои васеъ кардани доираи фаъолият дар манотиқи гуногуни кишвар, аз ҷумла, таъсиси филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии нав, мусоидат ба миёнаравии молиявӣ дар ҷумҳурӣ, саҳмгузорӣ дар коҳиш додани фоизҳои қарзӣ ва таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои арзону босифат дастур додааст. Дар баробари ин, ба ҳайси як зан – роҳбари бонки тиҷоратӣ саҳм гузоштан дар ҷалби бонувон ба низоми бонкӣ бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ тавсия шудааст.

Тибқи қарори мазкур бинобар табдилёбии ҶДММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Арванд” ба бонк Иҷозатномаи он барои иҷрои амалиёти бонкӣ аз 14 декабри соли 2012 ва иҷозатномаи ҶСП “АксесБонк Тоҷикистон” бинобар азнавташкилдиҳӣ дар шакли ҳамроҳшавӣ ба ҶСП Бонки “Арванд” аз эътибор соқит дониста мешаванд.

Дар торнамои БМТ зикр шудааст, ки аз ҷониби ҶСП “АксесБонк Тоҷикистон” ва ҶДММ ТАҚХ “Арванд” дар робита ба табдилдиҳии ташкилоти амонатии қарзии хурд ба Бонк (ҶСП Бонки “Арванд”) дар шакли ҷамъияти саҳомии пӯшида ва ҳамроҳшавии ҶСП “АксесБонк Тоҷикистон” бо Бонки навтаъсис расмиёти зарурӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ риоя гардидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.