Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дастрасӣ ба маълумоти омориро васеътар созад, то ки шаффофият, самаранокӣ ва усули демократӣ таъмин шавад.

“Гузариш ба паҳнкунии маълумоти омории кушода як қисми раванди нисбатан фарох ба ҳисоб меравад, ки ба шаффофу самаранок ва демократӣ гардонидани ҳукумат равона шуда, ба навоварӣ ва рушд мусоидат мекунад”, - гуфта мешавад дар Стратегияи миллии рушди омори Тоҷикистон барои давраи то соли 2030.

Маълумоти омори кушода тавассути принсипҳои зерин ба амал бароварда мешавад: аз рӯйи муқаррарот; саривақтӣ ва фарогири кулл; дастрас ва барои истифода коршоям; муқоисашаванда ва мувофиқ; беҳтар намудани идоракунӣ ва иштироки шаҳрвандон; рушди фарогир ва навовариҳо.

Муассисаи оморӣ бояд дорои иқтидоре бошад, ки низоми идоракунии пойгоҳи маълумот ва махзан бо пешниҳоди маҷмӯи маълумотро якҷо бо метамаълумоти ҳамроҳи он дар сомонаи интернетӣ ташкил кунад.

Дастрасӣ ба иттилооти оморӣ дар Тоҷикистон имрӯз душвор аст. Албатта, маълумоти дорои муҳри махфӣ вуҷуд дорад. Аммо қисми зиёди маълумоти оморӣ, ки моҳиятан бояд дар дастрасии кушод бошанд, барои матбуот ва оммаи  васеи мардум дастнорас боқӣ мемонанд.

Агентии омори назди президенти Тоҷикистон маълумотро пулакӣ пешниҳод мекунад. Яъне агар бароят маълумоти муайяне зарур бошад, маҷмӯаи дахлдори оморӣ харидан лозим аст.

Барои пешбурди ин тиҷорати хос Агентии омор ҳамасола “Феҳристи нашрияҳои иттилооотӣ ва хизматрасониҳо” чоп мекунад, ки дар он доир ба 46 маҷмӯаҳои гуногуни оморӣ ва нархи онҳо маълумот гирдоварӣ шудааст. Масалан, маҷмӯаи ҳармоҳаи “Вазъи иҷтмимоӣ ва иқтисодии ҶТ” ва “Гузориши солонаи демографии ҶТ” – 57 сомонӣ, “Маълумоти солонаи оморӣ” – 74 сомонӣ нарх доранд.

Қобили зикр аст, ки дар ҳамсоякишвари Қирғизистон чунин маълумот дар дастрасии кушод дар сомонаи Кумитаи миллии омор ҷойгир шудааст.

Ба ҳар ҳол, муаллифони Стратегияи миллии рушди омори Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 эътироф мекунанд, ки мутобиқи натиҷаи таҳқиқоти байнулмилалии “Барӯйхатгирии маълумоти кушод”, аз лиҳози дастрасии маълумот Қирғизистону Қазоқистон дар минтақа Осиёи Марказӣ натиҷаҳои беҳтар доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.