Маълумоти расмии омории Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳаҷми муомилоти мол дар моҳи январи соли равон аз ҳамдигар қариб ду баробар фарқ доранд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи январи соли 2020 ҳачми гардиши савдои байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 22,8 млн долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 баробар бештар аст.

Гуфта мешавад, моҳи гузашта Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя ба маблағи умумии зиёда аз 3,6 млн доллар молу маҳсулот содирот кардааст. Ҳамзамон воридот аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба маблағи наздики 19,2 млн доллар сурат пазируфтааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши савдои дуҷонибаи ин кишвар бо Тоҷикистон 41,3 млн долларро ташкил додааст.

Аз ҷумла, ҳаҷми содирот аз Ӯзбекистон ба 30 млн доллар ва воридоти маҳсулот аз Тоҷикистон – ба 11,3 млн доллар баробар шудааст.

Зикр мешавад, ки Тоҷикистон шомили даҳгонаи шарикони асосии тиҷоратии Ӯзбекистон мебошад. Моҳи январи ҳамин сол ҳиссаи Тоҷикистон дар гардиши савдои хориҷии Ӯзбекистон 1,4%-ро ташкил додааст.


Тафовут байни маълумоти идораҳои омори Тоҷикистону Ӯзбекистон такроран ҳар сол ба мушоҳида мерасанд.

Масалан, тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2019 ҳаҷми гардиши савдоӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 362 млн доллар будааст. Аммо Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки соли гузашта байни ду кишвар ба маблағи 497 млн доллар муомилоти молӣ анҷом дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.