Тибқи нақшаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, то охири соли равон дар ҷумҳурӣ пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор гирифтани 5 қитъаи роҳи мошингард дар назар аст.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Вазорат, соли 2024 тибқи нақша бояд 5 лоиҳа ба маблағи 585 млн доллар ба истифода дода шаванд, ки аз ҷумла 65 пули масфоаашон 1,9 км, 5 нақб - 11,1 км, 5 долон (гузаргоҳ) бо дарозии 6 км ва 278 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро дарбар мегиранд.
Гуфта мешавад, инҳо лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои зерин мебошанд:
- «Роғун – Оби гарм – Нуробод», 76 км.
- «Бохтар – Леваканд – Лолазор – Данғара», 69 км.
- «Калъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон», 93 км.
- Аз шоҳроҳ то маркази ноҳияи Ванҷ, 18 км.
- Аз шоҳроҳ то маркази шаҳри Роғун, 11 км.
“Марказҳо ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳо вазифадор карда шуданд, ки иҷрои саривақтии корҳоро тибқи нақшаҳо ва бо сифати баланд таъмин намоянд”, - таъкид мешавад дар хабари Вазорат.
Гуфта мешавад, айни замон тавассути Вазорати нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 млрд 51 млн доллар тибқи созишномаҳои қарзию грантӣ ва қрордодҳои имзошуда амалӣ карда мешаванд.
Таъкид мешавад, ки нақлиёти автомобилӣ вобаста ба шароити мушаххаси иқлимӣ ва мавқеи ҷуғрофии кишвари мо дар бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ аҳамияти калон дорад: интиқоли беш аз 93,4% борҳо ва 99,8% мусофирон маҳз тавассути нақлиёти автомобилӣ амалӣ карда мешавад.