Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа чанде пеш бо директори минтақавии Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) оид ба Осиёи Марказӣ хонум Айтен Рустамова дидору гуфтушунид кард.

Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва БАТР дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифт.

“Ҳамзамон, ба маблағгузории лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд”, - омадааст дар хабари Вазорат.

Қобили зикр аст, ки доир ба қарордоди сохтмони 2 неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳанӯз соли 2018 тавофуқи пешакӣ ҳосил карда буданд.

Моҳи июни соли 2022 сарони ҳарду кишвар зимни сафари расмии Мирзиёев ба Тоҷикистон ба сохтмони яке аз ин 2 неругоҳ - НБО “Ёвон” бо иқтидори 140 мегаватт ҳусни оғоз бахшиданд.

Нархи тахминии НБО “Ёвон” 282 млн доллар арзёбӣ шуда, дар он ҳамасола 700-800 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол мешавад.

Иқтидори лоиҳавии неругоҳи 2-юм дар дарёи Зарафшон тибқи маълуомти пешакӣ, 180 МВТ-ро ташкил хоҳад дод. Дар назар аст, ки неруи барқи тавлидшуда дар ин неругоҳҳ ба Ӯзбекистон интиқол дода мешавад.

Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон, ҷиҳати ба маблағгузорӣ ба ин лоиҳа ниҳодҳои пешрафтии байнулмилалии молиявӣ, аз ҷумла БАТР ва Бонки осиёии рушд (БОР) таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар маълумоти Вазорати энергетика таъкид мешавад, ки Далер Ҷумъа ва Айтен Рустамова доир ба лоиҳаҳои CASA-1000, “Таҷдиди НБО “Қайроққум””, “Кам намудани талфоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб”, азнавсозии зеристгоҳи барқии “Суғд-500” ва омӯзиши бозори энергетикии Тоҷикистон дар мавриди ҷалби сармоя барои рушди соҳаи электроэнергетика табодули назар намуданд.

Изҳори итминон шуд, ки дар оянда низ ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва БАТР дар соҳаи энергетика, аз ҷумла, гидроэнергетика ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия, густариш тавсеа меёбанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.