Пас аз ду соли “ҷанҷол”-и пурсарусадои як гурӯҳ сокинони деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан бо кормандони милитсияи ин шаҳр, ки дар пайи он, беш аз 20 нафар муҷозот шуданд, чанде аз зиндонишудаҳо озод гардида, танҳо як нафар дар маҳбас боқӣ мондааст.

Духтараки ноболиғе, ки гуфта мешуд, “омили аслии ҷанҷол” буд, пас аз фишорҳои равонӣ, ҳоло хатмкунандаи мактаб аст.

Ин қазия расо 2 сол пеш, 29-уми майи соли 2023 дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан, пас аз нашри як навор аз сӯйи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, расонаӣ гардид.

Дар он навори хабарӣ зикр мегардид, ки “чанд сокинони деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан кормандони милисаро ҳангоми таҳқиқи як хабари оперативӣ латукӯб кардаанд”. Тафсилоти бештар ироа нагардид. Аммо пас аз чанде бо сабаби номаълум навор ҳазф карда шуд.

Он замон пайвандони А. Р (духтари ноболиғе, ки дар мошини кормандони милитсия қарор дошт) гуфтанд, ки кормандони милитсияи шаҳри Истаравшан духтарро ба мошини худ савор карда, ба саҳро бурдаанд ва нисбати ӯ рафтори ношоиста кардаанд. Пас аз фарёди духтар сокинони атроф ва дертар пайвандаони ӯ ба назди мошин ҷамъ шуда, аз кормандони милитсия шарҳи ҳодисаро талаб кардаанд ва қазия ба муноқиша печидааст.

Баъдтар, раиси шаҳри Истаравшан ва додситони вилояти Суғд гуфтанд, ки он духтари ноболиғ бо мақомот ҳамкорӣ мекард ва барои боздошти ҷавоне, ки аз хидмати ҳарбӣ сарпечӣ менамуд, кӯмак мерасонид. Вале касе аз онҳо шарҳ надод, ки ҷалби ноболиғ ва он ҳам бидуни ҳузури волидон барои анҷоми ҳар гуна амалиёт то куҷо мутобиқ ба меъёри қонунгузории кишвар аст.

Ҳамин тавр, дар пайи ин ҳодиса, охири моҳи майи соли 2023, нисбати 9 нафар бо се модда, аз ҷумла авбошӣ ва истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳамчунин алайҳи 18 сокини дигари шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми майдаавбошӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Пас аз се моҳи ҳодиса, 7-уми сентябри соли 2023, бо ҳукми додгоҳи шаҳри Истаравшан дар пайи қазияи мазкур 4 сокини ин деҳа (Ҷамолиддин Раҳматов, Деҳқон Абдусамадов, Бурҳон Турдиев, Талант Маҳмадқулов) аз 2 солу 6 моҳ то 3 сол равонаи зиндон шуданд, ду нафари дигар (Ғайрат Раҳматов ва  Исфандиёр Урунбоев) аз 6 моҳ то 1,5 сол шартан аз озодӣ маҳрум гардиданд.

 

Танҳо як нафар дар зиндон мондааст

Бо гузашти ду сол аз ин қазия, пайвандони маҳкумшудагон мегӯянд, танҳо Ҷамолиддин Раҳматов (гуфта мешавад, ки ӯ амаки духтари ноболиғ А. Р аст) дар зиндон мондааст, дигар ҳама ба озодӣ баромаданд.

Наим Назриев, раиси деҳаи Лакат 20-уми май, зимни суҳбат бо мо гуфт, ки ҳоло танҳо Ҷамолиддин Раҳматов дар зиндон боқӣ мондааст.

“Талант Маҳмадқулов қариб 9 моҳ, Бурҳон Турдиев 7 моҳ ва Деҳқон Абдусамадов 2 моҳ пеш ба озодӣ баромаданд. Ҳамаи онҳо ҳоло дар ватан ҳастанд ва ба деҳқонӣ машғуланд”, - зикр кард Назриев.

Ҳамсари Ҷамолиддин Раҳматов, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ки моҳи март ҳамроҳи фарзандонаш дар муассисаи ислоҳии №1 и шаҳри Душанбе бо шавҳараш ду рӯз мулоқот доштааст.

“Ин тақдир аст, шавҳарам ҳам қабул кард. Аз чизе шикоят надошт ва танҳо умед дорад, ки ҳарчи зудтар ба озодӣ барояд”, - гуфт ин зан.

Ҳамсари Ҷамолиддин Раҳматов илова кард, ки дар ин ду соле, ки шавҳараш дар зиндон буд, душворӣ кашид, духтарашонро ба шавҳар дод ва як писарашро ба адои хидмат фиристод.

“Бо деҳқонӣ чархаи зиндагиро мегардонем ва ҳамаи умедамон ба ин аст, ки ҳарчи зудтар шавҳарам аз зиндон раҳо шуда, ба назди мо бармегардад ва зиндагии мо як каме осону рангин мешавад”, - бо умед мегӯяд ин зан.

 

“Хоҳаракам хатмкунанда аст”

А.Р. (духтараки ноболиғе, ки омилӣ ҷанҷон гуфта мешавад) ҳоло дар арафаи хатми мактаби миёна будааст.

Олимҷон Раҳматов, бародари ин духтар рӯзи 27-уми май гуфт, ки баъди зиндонӣ шудани чанд тан аз ҳамдеҳагонаш, хоҳараш зери фишори равонӣ қарор гирифт, аммо бо гузашти вақт, ӯ тавонист ба ҳаёти муқаррарӣ баргардад ва ба таҳсили худ идома диҳад.

“Хоҳарам ҳоло дар синфи 11-ум мехонад ва хатмкунанда аст. Он рӯзҳои душвор паси сар шуд. Танҳо амакам (Ҷамолиддин Раҳматов) ҳам озод шаванд, кифоя аст. Шабу рӯз дуо мекунем, ки амакам ҳарчи зудтар ба назди оилаи худ ва мо баргарданд”, - гуфт Олимҷон Раҳматов.

 

Руқия Ниёзқулова

Ёдовар мешавем, ки муноқишаи сокинон бо кормандони милитсия дар деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан дар ду соли пеш дар расонаҳо ба таври гуфтурда инъикос ёфт ва мавриди интиқоди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гардид.

Пас аз чанд муддати ҳодиса Руқия  Ниёзқулова, модари духтари ноболиғ ҳам гуфт, ки кормандони ҳукумат ва додситонии шаҳр ба ӯ барои суҳбат бо журналистон ва паҳн кардани навор аз ҷойи ҳодиса, фишор оварданд ва ҳодисаро мунсифона таҳқиқ накарданд.

Аммо мақомот ҳамеша ба мавқеи худ устувор истоданд ва ҳеҷ корманди милитсияи дар ин ҳодиса иштирокдоштаро муҷозот накарданд. Ва ҳам ба ин суол то ҳол посух нагуфтаанд, ки оё ҷалби духтари ноболиғ ба амалиёти боздошт тибқи кадом меъёри қонунгузорӣ сурат гирифтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.