Ширкати IRS марги ду корманди БДА-ро, ки гуфта мешуд, дар Варзоб зери тарма мондаанд, тасдиқ кард. Хабари марги онҳо 1-уми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд.
Ин ширкат, ки масъули нигоҳубини роҳи Душанбе - Чаноқ аст ва барои он аз ронандагон пул мегирад, дар баёнияе ба хонаводаи Фаррух Ҳасанзода ва Саидмурод Ғанизода таслият гуфт ва зикр кард, ки онҳо “зимни иҷрои вазифаҳои хидматӣ ҳалок шуданд”.
Радиои Озодӣ навишт, ки ҷасади ду корманди БДА ба наздиконашон супорида шуда, дирӯз, 2-юми январ, маросими видоъ бо Фаррух Ҳасанзода дар ноҳияи Фирдавсӣ ва ҷанозаи Саидмурод Ғанизода дар зодгоҳаш Файзобод баргузор мешавад.
Қаблан Оҷонсии ҳавошиносии кишвар аз хатари фаромадани тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ ва қитъаи Майхӯраи ноҳияи Варзоб ҳушдор дода буд.
Боридани барф ва фаромадани тарма боиси мушкил ва маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар масири ягона аз пойтахт ба шимоли кишвар гардидааст. Ронандагони зиёд бо нашри наворҳо мегӯянд, дар баъзе қитъаҳо ҳаракат танҳо аз як самт иҷоза аст ва баъзан онҳо маҷбур мешаванд, соатҳо интизори боз шудани роҳ монанд.
Дар ҳамин ҳол, ширкати IRS мегӯяд, роҳ кушода аст.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста