Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯйхати нави донишҷӯёнеро, ки бо автомашина ба дарсҳо ҳозир шудаанд, нашр кард. Рейди навбатӣ охири моҳи сентябр гузаронида шудааст. Акнун ин донишҷӯёнро хориҷшавӣ аз муассисаҳои таълимӣ интизор аст.

Миёни қонуншиканон Раҳимзода Аслиддин  Амирҷон, Донишҷӯи  бахши  3-юми Донишгоҳи  давлатии Аграрии Тоҷикистон, факултаи  боғдорӣ ва биотехникаи кишоварзӣ (ВАЗ-21014), Нурибек Норматов, Донишҷӯи бахши 2-юми Донишгоҳи  давлатии Аграрии Тоҷикистон, факултаи агробизнес (Ауди-А4) ва Ислом Асролов, Донишҷӯи бахши 2-юми Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ба номи С.Раҳимов, факултаи сайёҳӣ кӯҳӣ (Опел-Астра) ҳузур доранд.

Нимаи моҳи сентябр ВКД Тоҷикистон дар бораи ошкор кардани 5 нафар донишҷӯе, ки бо автомашинаи шахсӣ ба дарс омада буданд, маълумот мунташир карда буд.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон ба хонандагони мактаб ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ба дарс бо автомашинаи шахсӣ омадан қатъиян манъ аст. Чунин тағйирот ба қонунгузориро парлумон тобистони ҳамин сол қабул кард.

Он замон зимни шарҳи тағйиру иловаҳо ба ин қонун дар парлумон вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид ба вакилон изҳор намуд, ки барои чунин қонуншиканӣ донишҷӯён аз макотиби олӣ ба муҳлати се сол ва толибилмони коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва мактабҳо ба муддати як сол аз муассисаҳо хориҷ карда мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.