Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба сиёсатмадорон ва ҳунармандону арбобони ҷамъият ва илми Тоҷикистон ҷоиза дод, хабар медиҳад Sputnik Тоҷикистон бо истинод ба дафтари матбуотии президенти Ӯзбекистон.

Гуфта мешавад, мувофиқи фармони раисҷумҳур, нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ордени "Фидокорона хизматлар учун"  (Барои хизматҳои фидокорона) сарфароз гардиданд.

"Ҷоизаҳо барои саҳми бузург дар рушди дӯстии бисёрасраи мардуми бародари Тоҷикистону Ӯзбекистон, фаъолияти босамар дар гусариши равобити фарҳангӣ, нигаҳдошт ва рушди меъроси таърихӣ ва арзишҳову суннатҳои маънавӣ, хизматҳои шоиста дар тасеаи тиҷорати ду тараф ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди ҳамкориҳои стратегии байни кишварҳо дода мешавад" — гуфта мешавад дар фармон.

Зикр мегардад, ки ҳамчунин раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷкистон Низом Қосим, мудири шӯъбаи дастхатҳои Академияи улуми Тоҷикистон ва дигарон бо ордени "Дӯстӣ" мукофотонида шуданд. Ба Давлатманд Холов ва Атҳам Холов — ҳунармандони номдори тоҷик унвони "Ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон" дода шуд.