Сафари расмии вазири корҳои хориҷӣ ва умури аврупоии Герсогии Бузурги Люксембург Жан Ассселборн ба Душанбе, ки бояд рӯзҳои 3-4 март сурат мегирифт, ба вақти дигар гузаронида шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, сафари вазири корҳои хориҷии Люксембург ба Тоҷикитсону Покистон ва Ӯзбекистон бо сабабҳои техникӣ ба вақти дигар мавқуф гузошта шуда, ӯ санаи 6 март аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Зимни сафар ба Тоҷикистон дидору гуфтушунидҳои ӯ бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин пешбинӣ шудааст.

Дар назар аст, ки зимни вохӯриҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Люксембург баррасӣ шуда, ба натиҷаҳои ҳосилшуда аз қарордодҳои баимзорасида байни кишварҳо зимни сафарҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Люксембург солҳои 2004 ва 2011 таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.