Президенти Русия Владимир Путин қонуни тасвиби созишномаи байниҳукуматиро дар бораи сафарбарии муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба кори муваққатӣ дар Русия имзо кардааст. Ин санад дар интернет-портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ рӯзи 28-уми декабр нашр шудааст.

Ёдовар мешавем, ки созишномаи мазкур 17-уми апрели соли равон дар Маскав аз ҷониби ҳукуматҳои ду кишвар ба имзо расида буд. Дар он ба мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон воқифсозии аҳолӣ дар ин хусус, интихоби номзадҳои дорои касбу кори мувофиқ, тайёр кардану бозомӯзии номзадҳо, мувофиқаи онҳо бо корфармоён, ташкили сафари онҳо ба ҷойи кор, санҷиш дар масъалаи мавриди пайгарди мақомот қарор надоштан ва уҳдадориҳои дигар вогузор шудааст.

Таъкид мешавад, ки амалисозии тадбирҳои мазкур ба таъмини ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши кори муваққатиро дар Русия доранд, имкон фароҳам месозад.

Дар Созишнома шарти ҳатмии иштироки корфармо дар сафарбарии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ шудааст.

Дар сурати қатъи пеш аз муҳлати шартномаи меҳнатӣ бо корфармо, ҳамчунин анҷоми муҳлати амали иҷозатномаи кор, муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон, ки муташаккилона сафарбар мешавад, уҳдадор аст, дар муддати 15 рӯзи тақвимӣ қаламрави Русияро тарк кунад ва ё бар асоси иҷозатномаи амалкунанда ё дубора ба расмият даровардашуда назди корфармои дигар ба кор дарояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.