Зимни суханронӣ дар гузашти низомӣ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар муҳлати кӯтоҳ ба як сохтори муташаккил ва сипари боэътимоди Ватан табдил ёфтаанд.

Сарвари давлат бо итминони комил иброз дошт, ки афсарону сарбозон ҳамчун ҳомиёни боэътимоди Ватан минбаъд низ зиракиву ҳушёрии худро аз даст надода,  барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда кӯшиши пайваста зоҳир менамоянд.

«Хусусан, вазъияти  пуртазоди ҷаҳони имрӯза, ки пур аз низоъ ва ҳолатҳои ғайричашмдошт мебошад, аз хизматчиёни низомӣ зиракиву ҳушёрии беш аз пеш ва омодабошии доимии ҷангиро тақозо менамояд», - таъкид дошт президент.

Сарфаммонлеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ изҳор  овар кард, ки ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ анъанаҳои хуби ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, истифодаи моҳиронаи техникаву  технологияҳои муосири ҳарбӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ - ҳимояи Ватани маҳбубамон, ҳифзу таъмини  зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқи хешро сарбаландона идома мебахшанд.