Ҷараёни ҷустуҷӯи кӯҳнавардонро дар кӯҳҳои Тоҷикистон Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зери назорат гирифт, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ.
Барои ҷустуҷӯ ва дарёфти чархболи МИ-8 бо 13 нафар кӯҳнавардон ва 3 аъзои сарнишин, ки рӯзи 12 август дар кӯҳҳои Тоҷикистон нишасти сахт анҷом доданд, дар ноҳияи Лахш, ки дар қаламрави он ҳодиса рух дод, Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе, ҳамчунин дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ситодҳо таъсис дода шудааст.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохтори қудратии кишвар хабар дод, чархбол ба Гвардияи миллии Тоҷикистон тааллуқ дошт.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Telegram-канала Mash, ҳайати иштирокчиёни экспедиция маълум шуд: 11 нафар кӯҳнавардон – русиягӣ, 1 нафар – беларус ва 1 нафари дигар - испанӣ буда, аъзои ҳайати сарнишинон ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Айни замон ҳадди ақал аз 1 нафар ҳалокшуда маълум аст, хабар медиҳад шабака.
“Нишасти сахт” – чизе миёна байни сарнагун рафтан ва нишасти садамавӣ аст.
Mash ҳамчунин рӯйхати иштирокчиёни экспедитсияро овардааст:
1. Дубина Виктор, 1952
2. Барабанов Тимур, 1986
3. Абросимов Александр, 1971
4. Шихов Николай, 1958
5. Миронов Сергей, 1964
6. Андрей Родиген, 1980
7. Сергей Матвеев, 1977
8. Руслан Тараканов, 1976,
9. Соболенко Александр, 1970
10. Дмитрий Кумшаев, 1964
11. Горбатюк Татяна, 1969
12. Труш Вячеслав, 1974
13. Роберто Родриго, 1969
14. Шубин Павел, 1965
15. Фейгина Юлия, 1976
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 12 август чархболи МИ-8 бо 13 нафар кӯҳнавардон ва 3 сарнишин зимни нишаст ба мушкилӣ дучор шуд. Кӯҳнавардон бо чархболи МИ-8 аз фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ба қароргоҳи худ дар поёнгоҳи пиряхи Фортамбек бармегаштанд.
Субҳи имрӯз ду чархбол бо наҷотдиҳандагону табибон ба маҳалли ҳодисаи садамаи чархболи МИ-8 раҳсипор шуданд. Баъди чанде боз як чархболи дигар ба минтақаи нишасти эҳтимолии чархбол фиристода шуд.
Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулода иттилоъ дода буд, ки бо чархбол ва мусофирони он алоқа нест, зеро захираи қувваи воситаҳои нерӯдиҳанда (батареяҳо)-и дастгоҳи алоқа (ратсия) ба охир расидааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.