Бино ба маълумоти расонаҳои хабарии Ироқ, полковники фирории тоҷик роҳбари бахши низомии гурӯҳи “Давлати исломӣ” таъин шудааст.
Тибқи иттилои Радиои Озодӣ, пойгоҳи телевизионии alsumaria.tv рӯзи шанбеи 3 сентябр аз қавли як манбаи амниятӣ дар вилояти Найнавои Ироқ, ки хостааст номаш фош нашавад, гузориш дод, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" полковники фирории тоҷик Гулмуроди Ҳалимовро ба ҷои Абу Умари Шешонӣ, фармондеҳи низомии ин гурӯҳ, таъйин кардааст. Даҳҳо манобеи дигар ин хабарро ба такя ба alsumaria.tv, нашр кардаанд. Аммо дурустии ин хабар аз манобеи дигар имкон надорад ва мақомоти Тоҷикистон ҳам то ба ҳол дар робита ба ин хабар вокунише нишон надодаанд.
Ба навиштаи ин манбаъ, гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз тарси он, ки фармондеҳони наваш ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ алайҳи ин гурӯҳ бо раҳбарии Амрико қарор нагиранд, расман таъйини Гулмурод Ҳалимов ба унвони раҳбари шохаи низомии ин гурӯҳро, эълон накардааст. Пеш аз ин шуморе аз фармондеҳони гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ҳамлаҳои ҳавоӣ кушта шуда буданд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, бештари фармондеҳони гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия ҳастанд ва фармондеҳии умури ДИИШ дар Найнаво бар ӯҳдаи фармондеҳони дараҷи дувум ва савум аст ва танҳо шумораи каме аз фармондеҳони радаи аввали ин гурӯҳ дар ин вилояти Ироқ мебошанд.
Ҳафтаи пеш иттилоъ дода будем, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико омодагӣ изҳор намуд, ки барои маълумот дар бораи макони будубоши полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов, ки ба сафҳои Давлати исломӣ пайваст, 3 млн. доллари ИМА мукофотпулӣ пардохт менамояд.



