Ёсин ал-Муадидӣ, афсари пешини нерӯҳои марзбонии Ироқ вазири ҷанги гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ таъйин шудааст. Дар ин бора хабаргузории «Озодагон» бо истинод ба РИА Новости иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, вазири нави ҷанги ДИИШ рутбаи генерал дошта, ҳанӯз аз оғози ташкили ин гуруҳи террористӣ ба он пайвастааст. Таъйини Ал-Муадидӣ, ки лақаби Абу Тахаро дорад, зимни як ҷаласаи сарони ДИИШ дар вилояти Анбар сурат гирифтааст.
Аввали моҳи сентябр расонаҳои хабарии Ироқ иттилоъ дода буданд, ки полковники фирории тоҷик роҳбари бахши низомии гурӯҳи “Давлати исломӣ” таъин шудааст.
Чанд рӯз пештар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико омодагӣ изҳор намуда буд, ки барои маълумот дар бораи макони будубоши полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов 3 млн. доллари ИМА мукофотпулӣ пардохт менамояд.