Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба ворид шудан ба манзилҳои шаҳрвандон бидуни иҷозаи онҳо ва қарори суд ҳуқуқ пайдо карда метавонанд. Дар сурати аз ҷониби парлумон ҷонибдорӣ шудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ» хадамоти махсуси кишвар аз чунин ҳуқуқ бархӯрдор шуда метавонанд.

Ба ворид шудани кормандони КДАМ ба манзилҳои шаҳрвандон бидуни иҷоза дар ҳолатҳое ҳуқуқ дода мешавад, ки агар пайдошавии таҳдиди воқеъии содир шудани амали террористӣ ва ба саломатӣ ва ҳаёти аҳолӣ хатар эҷод кардани он вуҷуд дошта бошад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ дод, тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ» аз ҷониби ҳукумат таҳия ва ба баррасии палатаи поёнии парлумон пешниҳод шудаанд.

Ғайр аз ин, мувофиқи тағйироту илова тартибу қоидаҳои истифода аз қувваи ҷисмонӣ, аслиҳа, техникаи махсус аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти миллӣ зимни пайдошавии хатари воқеъии содир шудани амали террористӣ муқаррар карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда пеш аз ҳама ба ҳимояи ҳаёту солимии аҳолӣ, таъмину сулҳу субот дар кишвар ва ҳамчунин сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ равона гардидаанд.