Бо мақсади ошкору пешгирӣ намудани ҳолатҳои ба талбандагиву оворагардӣ ва дигар аъмоли нолоиқ даст задани насли наврас, дар асоси Нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Вазорати корҳои дохилӣ, давоми моҳи январи соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалиёти «Оворагард» гузаронида шуда истодааст.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, аз ҷумла, дар рӯзҳои аввали баргузории ин гуна чораандешиҳо аз тарафи кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) ВКД, дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳолатҳои зиёди машғул шудани ноболиғону ҷавонони беҳудагард ба бозиҳои компютерии хусусияти зӯроваридошта муайяну ошкор карда шуданд.
«Аз ҷумла, тавре аз рафти баргузории амалиёти мазкур аён гардид, ноболиғони зиёд рӯзонаву шабона беназорат дар кӯчаву хиёбонҳо гаштугузор намуда, аксаран ба корҳои зараровар, хусусан ба ҳар гуна бозиҳои компютерӣ, ки боиси ҷой гирифтани рафтору кирдорҳои бадахлоқона ба тафаккури насли наврас мегарданд, машғул мешаванд», - омадааст дар маълумот.
Гуфта мешавад, дар бештари маврид маҳз беҳудагардиву дур аз назорати падару модар будани ноболиғон боиси ба ҳар гуна роҳҳои хато рафтани онҳо мегарданд.
Зикр мегардад, ки нисбати волидони он ноболиғону ҷавононе, ки зимни ин амалиёти пешгирикунанда боздошту ба шуъбаи милитсия дастрас карда мешаванд, мувофиқи талаботи қонунгузорӣ чораҳои таъсирбахш андешида хоҳанд шуд.
Вазорати корҳои дохилӣ аз волидон хоҳиш кардааст, ки ҳама гуна рафтору ҳаракати фарзандони худро таҳти назорат қарор дода, нагузоранд, ки ягон лаҳзаи ҳаёти онҳо беҳуда сарфи корҳои зараровар шавад.