Роспотребнадзор ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО, ЕАЭС) ва ИДМ низомҳои тестии русиягиро барои ошкор кардани коронавируси нав медиҳад.
Тавре Роспотребнадзор хабар медиҳад, воситаҳои ташхиси коронавирус аллакай ба Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Ӯзбекистон оварда шуда, ояндаи наздик Тоҷикистону Қирғизистон ҳам онҳоро дастрас мекунанд.
“Хадамоти федералии назорат дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон ва некӯаҳволии инсон бо мақсади кумак ба кишварҳои узви ИИАО ва ИДМ дар роҳ надодан ба вуруд ва паҳншавии бемории нав воситаҳои ташхиси лаборатории коронавируси 2019-nCoV медиҳад, ки дар Муассисаи федералии буҷетии илмии “Маркази давлатии “Вектор”-и Роспотребнадзор таҳия шудаанд”, - қайд мешавад дар торнамои ин муассиса.
Гуфта мешавад, ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба эпидемияҳо, аз ҷумла, кумаки ройгон ба воситаҳои муосири ташхис ва пешгирии ангезандаҳо ба таъмини некӯаҳволии мардум аз лиҳози бехтарии санитарӣ-эпидемиологӣ ва ҳифзи солимӣ дар паҳнои Авруосиё саҳми босазо мегузорад.
Нигаронии Вазорати тандурустии Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ шаҳрвандони Чинро, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, зери назорати махсус мегирад. Вазорат аз ҳамаи сохторҳои дахлдори кишвар дархост кард, ки оид ба мавзеи ҷойгиршавии корхонаю ширкатҳо, шумораи мутахассисони чинӣ ва маҳали будубоши онҳо ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маълумот пешниҳод намоянд.
Ҳамзамон Вазорат аз роҳбарияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дархост намуд ки рӯйхати донишҷӯёни тоҷикистонии дар Чин таҳсилкунандаро бо нишондоди маҳали зист барои назорати тиббии минбаъда ба Вазорат пешниҳод намояд.
Дар машварати рӯзи шанбе таҳти раёсати вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода доирградида таъкид шуд, ки масъалаи андешидани тадбирҳои иловагӣ бар зидди сирояти коронавирус, ки дар Чин ба қайд гирифта шудааст, айни замон зери назорати махсуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Гуфта мешавад, айни замон дар 27 гузаргоҳи сарҳадии калону хурд, ки бо кишварҳои ҳамсоя фаъолият мекунанд, вобаста ба масъалаи мазкур аз 2 то 5 мутахассиси соҳаи тандурустӣ ва эпидемиологҳо фаъолияти шабонарӯзӣ мебаранд.
Дар маълумоти Вазорати таъкид мешавад, ки то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи гумонбар ба сирояти коронавирус мушоҳида нагардидааст
Қобили зикр аст, ки шумори беморон аз вируси 2019-nCoV дар Чин то 17 205 нафар афзуда, 361 нафар аз ин беморӣ ҳалок шуданд. Тавре хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора рӯзи душанбе дар изҳороти Кумитаи давлатии умури тандурустии Чин маълумот дода мешавад.
Тавре аз изҳороти Кумита бармеояд, танҳо рӯзи якшанбе дар Чин 2829 ҳолати нави гирифторӣ ба беморӣ ва фавти 57 нафар ба қайд гирифта шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.