Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз сохтмони ғайриқонунӣ аз сӯйи шаҳрвандони Қирғизистон ва пешгирии ҳамлаи шаҳрвандони ин кишвар ба марзбонони тоҷик хабар медиҳад. Изҳороти расмии ин ниҳодро хабаргузории “Ховар” нашр кардааст.

Дар изҳорот омадааст, ки 16 декабри соли равон, тахминан соати 16:50 шаҳрвандони Қирғизистон дар қитъаи дидбонгоҳи сарҳадии отряди сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар деҳаи Сомониён сохтмони ғайриқонунӣ оғоз кардаанд ва бо мақсади ҷилавгирӣ аз сохтмони ғайриқонунӣ сардори дидбонгоҳи сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизи худ вохӯрӣ доир намуд.

“Аммо зимни вохӯрӣ шаҳрвандони хашмгини Ҷумҳурии Қирғизистон ба рафти он халал расонида, ба марзбонони тоҷик ҳамла карданд ва ба сӯи онҳо санг партофтанд,- менависад Қушунҳои сарҳадӣ”.

Манбаъ мегӯяд, бо мақсади иғвои навбатӣ шаҳрвандони Қирғизистон ба пеш ҳаракат карда, ба ҳаёт ва саломатии марзбонони тоҷик таҳдид намуданд.

- Сардори дидбонгоҳи сарҳадии ҚС Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъиятро дуруст арзёбӣ намуда, бо мақсади рафъи авҷгирии низоъ бо риояи қатъии талаботи муқаррарнамудаи қонун ба ҳаво ду тири огоҳӣ холӣ кард ва издиҳоми хашмгинро боздошт”,- омадааст дар изҳорот.

Ҳамин тариқ, намояндагони марзбонии тарафҳо ба ҷойи ҳодиса расида, ба мувофиқа омаданд, ки ҳодисаро якҷоя тафтиш кунанд.


Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 16 декабр хабаргузории 24.kg бо такя намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбоев хабар дода буд, ки Қирғизистон чанд шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар Тоҷикистон 7 шаҳрванди Қирғизистон низ боздошт шудаанд. Ду нафари онҳо барои убури ғайриқонунии марз муҷозот шудаанд.

“Азия-Плюс» кӯшиш намуда буд, ки аз мақомоти расмии Тоҷикистон ҷузъиёти боздошти шаҳрвандонашро дар Қирғизистон бифаҳмад, вале аз мо дархости расмӣ талаб намуданд. Онҳо аз додани шарҳ тавассути телефон худдорӣ карданд.

Қобили зикр аст, ки дар авохири моҳи апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳарду ҷониб 55 нафар кушта, ҳудуди 300 нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, даҳҳо манзил ва иншооти дигар тахриб шуд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.