Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ барои сохтмони машқгоҳи ҳарбӣ дар сарҳад бо Афғонистон қитъаи замин ҷудо кард.
Мувофиқи қарор, қитъаи замин дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба истифодаи бемуҳлат ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон барои гузаронидани машқҳои мунтазами тактикӣ, тирпарронӣ ва ронандагӣ дода мешавад.
“Барои сохтмони машқгоҳ заминҳои хоҷагии давлатии “Помир” дар ноҳияи Шуғнон” бо майдони умумии 1075,30 гектар, аз он 109,08 гектар чарогоҳ, 0,62 гектар - зери дарёҳо, ҷӯйҳо ва сойҳо, 94,98 гектар - қумзор, 0,03 гектар - зери роҳҳо ва гузаргоҳҳо, 870,59 гектар - фурӯрафта, ярч ва шағалдор гирифта мешаванд”, - омадааст дар қарор.
Гуфта мешавад, ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки қитъаҳои замини додашударо бо тартиби муқарраргардида мувофиқи таъиноти мақсаднок истифода намояд.
Дигар ҷузъиёти масъала, аз ҷумла муҳлати муқарраршуда барои сохтмон дар қарор зикр нашудааст.
Дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ низ муяссар нашуд, ки дар бораи ҷузъиёти сохтмони машқгоҳи нав маълумот дарёфт кунем.
Айни замон дар Тоҷикистон ду машқгоҳи ҳарбӣ дар сарҳад бо Афғонистон амал мекунанд: “Момирак” каме дуртар аз шаҳри Кӯлоб ва “Ҳарбмайдон” дар қаламрави ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон.
Ғайр аз ин, каме дуртар аз Душанбе машқгоҳҳои “Фахробод” ва “Лоҳур” ва дар наздикии шаҳри Бохтар - тамрингоҳи “Самбули” ҷойгиранд, ки дар он ҷо пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар аст.