Аз рӯи натиҷаҳои Ҷашнвораи XII байнулмилалии кинои мусалмонӣ дар шаҳри Қазони Русия филми кӯтоҳмуддати коргардони ҷавони тоҷик Муҳиддини Музаффар «Коса» ба иштирок дар се ҷашнвораҳои дигари байнулмилалӣ - дар шаҳрҳои Лондону Рим ва Дакка (Бангладеш) даъватнома гирифт.
Дар ҷашнвораи кинои Қазон, ки таҳти унвони «Тавассути муколамаи фарҳанг - ба фарҳанги муколама» доир гардид, дар қатори 60 филм аз 33 кишвари дунё филми тоҷикии «Коса» низ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Дилошӯб Орифзода, продюсери киностудияи «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов дар ин робита иттилоъ дод, ки аллакай моҳи октябри соли ҷорӣ филми «Коса» дар Ҷашнвораи якуми байнулмилалии Open Central Asia International Arts Festival дар Лондон ва сипас дар ҷашнвораҳои байнулмилалӣ дар шаҳрҳои Рим ва Дакка намоиш дода мешавад.
Филми "Коса" 25 дақиқаро дарбар гирифта, дар мавзӯи муҳим- оилаву оиладорӣ ва муқаддасоти он бахшида шуда, сенарияи филм дар асоси ривоятҳои халқӣ таҳия шудааст. Сенариянависи филм Бахтиёр Каримов буда, нақшҳои асосиро дар он Ҳунарманди халқии ҷумҳурӣ Ислом Саломов ва актриса Сайёда Турсунова иҷро мекунанд.



