Рӯзи 11 апрел қатораи автобусҳои мусофирбар, ки барои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе пешбинӣ шудаанд, дар қаламрави шаҳри Турсунзода аз марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон гузашт.

Шумори автобусҳо 40 ададро ташкил дода, дар Туркия харидорӣ шудаанд. Аз Туркия онҳоро тариқи Эрону Турманистон ва Ӯзбекистон муддати 12 рӯз ба Тоҷикистон оварданд.

Муовини раиси шаҳри Душанбе Қурбон Саизода изҳор намуд, ки автобусҳои нав аз рӯзи 15 апрел - ҷашни Рӯзи пойтахт ба кор оғоз намуда, ба муносибати ҷашн рӯзи аввал ба мусофирон бепул хизмат мерасонанд.

Дар бораи харидории 40 адад автобус дар марҳилаи аввал ва 24 адад автобус дар марҳилаи минбаъда бо ширкати туркии истеҳсолкунандаи автомобилҳо аз рӯи иҷозатномаи корхонаи Япония - Anadolu Isuzu ба маблағи 3 млн. 428 ҳазору 6000 евро (1 автобус - 85 ҳазору 715 евро) шартнома баста шуда, 24 автобуси боқимонда нимаи тобистон ба Душанбе оварда мешаванд.

Автобусҳои нав бо хатсайрҳои №1 ва №3 дар хиёбони Рӯдакӣ ҳаракат карда, роҳкиро чун пешина 1 сомонӣ аст. Мақомоти шаҳрдорӣ баъди 2 моҳ дар автобусҳо низоми пардхти электрониро ҷорӣ карднист, ки мусофир билетро тариқи терминали махсус ва корти пластикӣ дастрас карда метавонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.