Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба маълумоти мусофирони худ мерасонад, ки дар асоси барқияи Росавиатсия аз 31-уми марти соли 2018 иҷрои парвозҳоро ба як қатор шаҳрҳои Федератсияи Россия маҷбуран қатъ менамояд.

Дар иттилоияи расмии ширкати «Сомон Эйр» дар ин робита қайд мешавад, ки Росавиатсия аз соати 00.01-и (вақти Москва) 2-юми апрели соли 2018 иҷрои хатсайрҳои Душанбе - Екатеринбург - Душанбе, Душанбе - Иркутск - Душанбе, Душанбе - Қазон -Душанбе, Душанбе - Краснодар - Душанбе, Душанбе - Красноярск - Душанбе, Душанбе - Санкт-Петербург - Душанбе, Душанбе - Сочи - Душанбе, Хуҷанд - Қазон - Хуҷанд ва Хуҷанд - Санкт-Петербург - Хуҷандро манъ менамояд.

Гуфта мешавад, муҳлати амали иҷозатнома барои иҷрои парвозҳо дар хатсайри Хуҷанд-Москва-Хуҷанд ҳамчунин аз моҳи апрели соли ҷорӣ ба итмом мерасад.

«Хатсайрҳои Душанбе-Москва-Душанбе, Душанбе-Новосибирск-Душанбе, Хуҷанд-Новосибирск-Хуҷанд, Хуҷанд-Краснодар-Хуҷанд ва Кӯлоб-Москва-Кӯлоб бетағйир тибқи ҷадвали парвозҳо иҷро мегарданд», - омадааст дар маълумот.

Қайд мешавад, ки айни замон мутахассисони маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» мусофиронро аз манъи хатсайрҳои номбаршуда огоҳ месозанд. Маблағи чипта ба ҳама мусофирони хатсайрҳои мазкур дар нуқтаҳои хариди онҳо баргардонида мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки маълумот оид ба иҷрои хатсайрҳои манъшуда иловатан пешниҳод хоҳад шуд. Барои гирифтани маълумоти бештар мусофирон метавонанд ба маркази маълумотдиҳии ширкат бо рақамҳои 44-640-40-40, 44-640-40-49 ва 44-640-40-50 муроҷиат намоянд.

Дар анҷом ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз кулли мусофирон барои нороҳатии бамиёномада маъзарат хостааст.