Ояндаи наздик ба ҷуз хатсайри Хуҷанд - Тошканд, равуои автобусҳо байни шаҳрҳои дигари Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз мегардад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода зимни нишасти хабари дар ин робита изҳор намуд, ки барои ин каме вақт зарур буда, ба Вазорат супориш дода шудааст, ки дар муддати як моҳ ин масъаларо ҳал кунад.

«Дар давлатҳо барои ҳамлу нақли ҳам мусофирон ва ҳам бор боҷҳои муайян амал мекунанд. Баъди имзои созишомаи байниҳукуматӣ ҳукумати Ӯзбекистон бо қарори дахлдори худ боҷи иловагӣ барои вуруд ва транзити воситаҳои нақлиёт ва автобусҳоро аз Тоҷикистон бекор кард», - иброз дошт ӯ.

Бино ба гуфтаи вазир, дар вохӯрии чанде қабли намояндагони мақомоти нақлиёти ҳарду кишвар зикр шудааст, ки ба Тоҷикистон низ дар бораи бекор кардани ҳамаи боҷҳо ба вуруди автобусҳо аз кишвари ҳамсоя қарор қабул намудан зарур аст.

«Хароҷоти мавҷуда ба пардохти боҷҳо дар Тоҷикистон ба нархи билетҳо аз Ӯзбекистон таъсир мерасонанд. Протокол ба имзо расида, ани замон Раёсати наклиёти заминии Вазорат онро бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар мувофиқа мекунад ва дар муддати як моҳ равуои автобусҳо ҳам аз Тоҷикистон ва ҳам аз Ӯзбекистон оғоз мегардад», - қайд кард Худоёрзода.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.