Бар асари барфрезии зиёд ва фаромадани тарма, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд муваққатан манъ шуд, хабар доданд аз дафтари матбуоти филиали ширкати IRS.

“Дар километрҳои 69 ва 71-уми роҳ ду тармаи калон фаромад. Техникаи махсус ба тозакунии ин қитъаҳои роҳ аз тарма машғул аст”, - хабар дод котиби матбуотии ширкат Далер Мерганов.

Бино ба гуфтаи ӯ, роҳ барои таъмини бехатарии мусофирону ронандагон муваққатан баста шуда, шояд баъди чанд соат ҳаракати нақлиёт дар он барқарор шавад.

Дирӯз, 5 феврал низ ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ин роҳ бинобар сабаби тармафароӣ баста шуда, то бегоҳ онро тоза ва роҳро боз намуда буданд.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, дар робита ба барфрезӣ шабонарӯзи наздик дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноуствуор ва дар роҳҳои минтақаҳои кӯҳистон яхбандӣ ва хатари тармафароӣ боқӣ мемонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.