Интиқоли гармӣ ба манзилҳои сокинони шаҳри Душанбе имсол каме дертар қатъ шуд. Сабабҳои онро ба истеҳсоли нерӯи барқ дар Марказҳои барқу гармидиҳӣ нисбат медиҳанд.

Як рӯз пеш, 3 апрел мавсими гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе пурра ба охир расид, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Муассисаи давлатии «Шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе».

Интиқоли гармӣ ба манзилҳои воқеъ дар қисмати ғарбӣ ва шарқии пойтахт ду рӯз пеш – 1 апрел ба анҷом расида буд. Кори Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, ки ба манзилҳои қисмати марказии пойтахт аз он гармӣ дода мешуд, он замон бинобар сабаби истеҳсоли нерӯи барқ қатъ нагардида буд.

Мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе маъмулан бо фарорасии гармӣ то нимаи моҳи март идома меёбад. Тирамоҳи соли гузашта бошад, бо сабаби барвақт фаро расидани сардиҳо, интиқоли гармӣ даҳаи охири моҳи октябр оғоз шуд. Ҳамин тариқ, мавсими гармидиҳии имсола қариб ним сол идома ёфт.

Қобили зикр аст, ки шаҳри Душанбе аз ду Марказ бо гармӣ таъмин шуда, дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, ки соли 2016 мавриди истифода қарор гирифт, ҳамчунин шабонарӯзӣ то 9 млн. киловатт/соат нерӯи барқ низ истеҳсол мешавад. Наздики 2 ҳазор манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти пойтахт ҳар мавсим бо гармӣ таъмин мешаванд.

Аҳолии пойтахтро корхонаи «Шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» бо гармӣ таъмин мекунад, ки онро дар навбати худ аз Марказҳои барқу гармидиҳӣ (корхонаҳои тобъеи ширкати “Барқи тоҷик”) мегирад.

Айни замон барои ҳар як метри мураббаъи манзил аҳолӣ ба МД «Шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» дар як моҳ 1,03 сомонӣ маблағ пардохт мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.