Аз 1 май барои ҳаракати автомашинаҳои гаронвазн дар роҳи Душанбе - Хуҷанд маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти филиали ширкат, маҳдудият бинобар сабаби фарорасии мавсими тобистон ҷорӣ шуда, то 31 август идома меёбад.

“Ин тадбир баҳри дар ҳолати хуб нигоҳ дошнаи роҳ ҷорӣ мегардад, зеро дар гармии рӯзона асфалт мулоим шуда, ҳаракати мошинҳои гаронвазн рӯи он ба вайроншавии рӯйпӯши роҳ боис мегардад. Маҳдудият дар ҳаракати мошинҳои гаронвазн аз соати 10:00 то 20:00 ҷорӣ мешавад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс”котиби матбуотии филиали ширкат Далер Мерганов.

Котиби матбуотии ширкат ҳамчунин изҳор намуд, ки бо оғози мавсими тобистон дар роҳ корҳои таъмиру барқарорсозӣ шурӯъ мешаванд.

“Имсол таъмири ҷории беш аз 100 километр ва таъмири асосии 50 километри роҳ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҳамаи ронандагон дархост мекунем, ки бо дарки масъулият ба ин маҳдудият вобаста ба таъмиру барқарорсозии роҳ муносибат намоянд”, - гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки корҳои таъмиру навсозии роҳи Душанбе - Чанок бо масофаи 410 километр соли 2010 ба итмом расида, барои анҷоми ин корҳо қариб 300 млн. доллари аз Чин қарзгирифташуда ба муҳлати 20 сол масраф гардид.

Аз моҳи апрели соли 2010 ба идора ва анҷоми корҳои таъмиру барқарорсозии зербинои роҳ бар асоси шартномаи консессионӣ бо ҳукумати Тоҷикистон филиали ширкати IRS машғул аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.