Бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода рӯзи 9 май ба корҳои сохтмонии маҷмааи истироҳатию фароғатӣ дар соҳили чапи дарёи Сир, канори хиёбони Раҳмон Набиев, паҳлӯи чойхонаи Сирдарё ҳусни оғоз бахшида шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдори сохтмону шаҳрсозӣ дастур дод, ки маҷмааи истироҳатию фароғатӣ дар соҳили чапи дарёи Сир ки алҳол ҳудуди он 300 метрро фаро мегирад, бо назардошти бунёди шиногоҳи нав, майдончаҳои бозии футболу волейбол ва теннис, пайроҳа, истгоҳи наклиётӣ, нуқтаҳои хизматрасонии обҳои ташнашикан, яхмос, дастгоҳҳои машқу тамрин ва дигар инфрасохтори зарурӣ барои шаҳрвандон дар зудтарин фурсат бунёд карда шаванд.

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки ин мавзеъ дорои имкониятҳои хуби истироҳатӣ дошта, дар ояндаи наздик то ҳудуди беморхонаи шараёни дил соҳили дарёи Сир идома ёфта, ба мавзеъи бузурги истироҳатию фароғатии меҳмонону сокинони шаҳри Хуҷанд мубаддал гардонида мешавад ва ба ҳусни шаҳр таровати дигар мебахшад. Ҳамчунин барои ҷалби сайёҳони дохили хориҷӣ низ замина гузошта мешавад.

1/5

Гуфта мешавад, раиси вилоят ба роҳбарияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дастур дод, ки ҷиҳати омода намудани шиногоҳ мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир тадбирҳо андешанд ва барои бехатарии шаҳрвандон бунгоҳи назоратӣ таъсис диҳанд.

Зикр мегардад, ки Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини шаҳрсозӣ ва мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳру вилоят дастур дод, ки дар фурсати кӯтоҳтарин ду канори соҳили дарёи Сирро бо андозаи то 6 метр пурра аз иншооти гуногун тоза ва барои роҳраву машқу тамрини шаҳрвандон шароит муҳайё карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.