Ганҷина Сайфиддинова модари 3 фарзанд мебошад, ки яке аз онҳо маъюб аст. Шавҳари ӯ барои пулкоркунӣ ба Русия рафтааст. Ганҷина аз маблағи фиристодаи шавҳараш ва қарзи бонк дар ҷамоати Ховарони шаҳри Душанбе манзил бунёд карда буд.

Ҳукуматдорони маҳаллӣ сохтмонро ғайриқонунӣ донистанд. Ба гуфтаи онҳо, зан барои ин қитъаи замин ҳуқуқ надоштааст. Пас аз чандин огоҳӣ манзили ӯро вайрон карданд.

Ганҷина Сайфиддинова дигар ҷойи рафтан надорад. Ӯ то ҳол дар хонаи нимвайрон зиндагӣ мекунад. Дархости зан аз ҳукуматдорон ин аст, ки ба хотири кӯдаконаш барои гирифтани қитъаи замин ва барқарор кардани хона кумак расонанд.

Дар ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур ба дархости хаттии хабаргузории “Азия-Плюс” посух надоданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.