Парвозҳои чартерӣ аз шаҳрҳои гуногуни Русия то барқарор шудани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам байни Тоҷикистону Русия идома меёбанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сафорати ҷумҳурӣ дар Русия.

“Иҷрои парвозҳои чартерӣ аз Русия бо мақомоти ин кишвар мувофиқа мешавад. То охири моҳи октябр ба анҷоми боз якчанд парвоз созишнома дорем. Тоҷикистон ба идомаи парвозҳои чартерӣ хотима бахшиданӣ нест ва ният дорад, ки барои иҷрои парвозҳои иловагӣ дархост пешниҳод намояд”, - гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба хонаҳояшон баргаштан мехоҳанд, рӯз то рӯз кам шуда истодааст.

“Сафи ин шаҳрвандон ба таври назаррас кам шуд. Дар назди сафорат дигар издиҳоми мардум ба мушоҳида намерасад ва рӯз то рӯз сафи чунин одамон кам мешавад”, - қайд кард ӯ.

Ҳамчунин зикр шуд, ки бо парвози навбатӣ шахсоне ба ватан раҳсипор мегарданд, ки рӯзи 21 октябр дар парвозҳои чартерӣ ба рӯйхат гирифта шудаанд.

Зимнан илова шуд, ки шаҳрвандоне, ки ба Ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирус (COVID-19)-ро, ки на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Коронавирус ба барқарор шудани хатсайрҳо бо Русия монеъа эҷод мекунад

Дар сафорат қайд карданд, ки ҳамаи парвозҳои чартерӣ аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон - “Сомон Эйр” анҷом дода мешавад.

Ба иттилои манбаъ, масъалаи барқарор намудани хатсайрҳои мунтазами ҳавоӣ байни кишварҳо ҳоло ҳал нашудааст.

“Дар робита ба масъалаи хатсайрҳои мустақим Тоҷикистон мисли пешин ба барқарор кардани онҳо омода буда, қарори Русияро дар ин хусус интизор аст. Ин ба Тоҷикистон вобаста набуда, ба вазъи эпидемиологӣ дар ҳар ду кишвар рабт дорад. Вазъ дар Тоҷикистон босубот буда, аз ин рӯ, ҷумҳурӣ ба барқарор кардани алоқаи ҳавоии мунтазам омода аст, лекин ахиран дар Русия вазъи марбут ба коронавирус ба мушкилӣ печид ва ин ба барқарор шудани хатсайрҳои доимӣ монеъа эҷод мекунад”, - шарҳ дод манбаъ.
Фурудгоҳи Душанбе
Сурат: Asia-Plus

Шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи кишварҳои сеюм ба Русия рафта метавонанд?

“Аз 21 сентябр Русия ба анҷоми парвозҳои чартерӣ ҷиҳати аз дигар кишварҳо ба ватан баргардонидани русиягиҳо хотима бахшид. Аз ин рӯ, акнун танҳо тариқи кишварҳои сеюм метавон ба Русия сафар кард. Ва танҳо он шаҳрвандоне, ки тибқи қарори ҳукумати ФР аз 16 марти соли 2020 (№635-р) барои вуруд асос доранд”, - изҳор дошта буданд қаблан дар намояндагии дипломатии Русия дар Тоҷикистон.

Аз ҷумла, шахсони дорои Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Русия, иштирокчиёни барномаи кӯчондани ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин ҳамсару волидон ва фарзандони русиягиҳо ҳуқуқ доранд, ки ба қаламрави Русия ворид шаванд.

Ҳамчунин дар сафорат қайд карда буданд, ки “боисрор ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки пешакӣ имкони парвозро бевосита аз намояндагони ширкатҳои мусофиркаш тасдиқ намяонд, зеро онҳо ба мусофирони транзитӣ талаботи иловагии бештар шадид пешниҳод карда метавонанд”.

“Имкони ташкили хатсайрҳои мустақими чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия ҷиҳати баровардани русиягиҳо айни замон бо назардошти вазъи санитарӣ-эпидемиологӣ дар ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дорад”, - гуфта буданд дар сафорат.

Дар ҳамин ҳол, зикр шуда буд, ки ҳозир шаҳрвандони Русия, ки ба бозгашти таъҷилӣ аз Тоҷикистон ба Русия ниёз доранд, ҳамчунин метавонанд аз хатсайрҳо тариқи Дубай (АМА) ва Истанбул (Туркия) истифода баранд.

“Маълумот дар бораи талабот ба парвозро бевосита дар ширкатҳои ҳавопаймоии марбута муайян кардан лозим аст”, - илова карда буданд дар намояндагии дипломатӣ.

Кадоме аз шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия ворид шуда метавонанд?

Имрӯз сарҳадҳои Русия то ҳол баста буда, лекин баъзе категорияҳои шаҳрвандони хориҷӣ ба ин кишвар ворид шуда метавонанд.

Мувофиқи қоидаҳои дахлдори мавҷуда шаҳрвандони Туркия, Британияи Кабир, АМА, Миср, Ҷумҳурии Малдив, Швейтсария, Танзания, Абхозистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус ба қаламрави Русия ворид шуда метавонанд.

Ғайр аз ин, сарҳади Русия барои хориҷиёне, ки бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқшуда аз ҷониби Вазорати тандурустии Русия барои муолиҷа ба ин ҷо меоянд, инчунин хориҷиёне, ки бо пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои нигоҳубини хешовандони беморашон ба ин кишвар ворид мешаванд, кушода аст.

Сарҳадро ҳамчунин кормандони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ дар Русия ва аъзои оилаи онҳо убур карда метавонанд.

Ҳамчунин ронандагони автомобилҳои боркаши алоқаи байнулмилалӣ, ҳайатҳои сарнишинони нақлиёти ҳавоӣ, баҳрӣ ва дарёӣ, қатораҳои алоқаи байнулмилалӣ, кормандони алоқаи фелдъегерӣ (расонидани ҳуҷҷатҳои муҳим)  ва аъзои ҳайатҳои расмӣ низ метавонанд ба Русия сафар кунанд.

Ҳамчунин боз ба шахсони зерин низ иҷозаи сафар ба Русия дода мешавад:

- дорандагони раводиди дипломатӣ ё хусусӣ, ки дар робита ба марги хешованд ё бо қарори Вазорати умурии хориҷии Русия дода шудааст;

- хатрасон (боррасон, курйер)-и робита дипломатӣ;

- шахсоне, ки дар қаламрави Русия иқомати доимӣ доранд, инчунин шахсоне, ки бидуни берун рафтан аз минтақаи транзит тариқи транзит бо фурудгоҳҳои Русия сафар мекунанд;

- мутахассисоне, ки бо таҷҳизоти дар рӯйхати ташкилотҳо зикршуда ва ба Хадамоти федералии амният ва ВКД Русия фиристодашуда кор мекунанд;

- мутахассисони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ё тибқи мувофиқа ва дигар шахсон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.