Ситоди фаврии мубориза бо коронавирус хабар медиҳад, ки дар Русия алҳол ваксинзании шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ ба нақша гирифта нашуда, айни замон танҳо русиягиҳо ваксина мегиранд, менависад Интерфакс.

Ба савол дар бораи пешбинӣ гардидани ваксинзании муҳоҷирони корӣ ва хориҷиёни машғули кор дар Русия баҳри пешгирии афзоиши нави бемории COVID-19 дар ситодли фаврӣ чунин посух додаанд.

Аз шарҳи масъалаи минбаъд ваксинзании муҳоҷирон дар ситодӣ фаврӣ худдорӣ варзидаанд.

Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта, 4 апрел муовини сарвазири Русия Татяна Голикова изҳор дошт, ки сафи шаҳрвандони хостори ваксина гирифтан дар ин кишвар хеле зиёд шудааст.

Бо супориши президенти Русия аз 18 январ дар ин кишвар маъракаи ваксинзании оммавӣ оғоз гардид. Ҳозир бештар аз ваксинаи "Спутник V" истифода шуда, ҳафтаи гузашта ваксинаи "ЭпиВакКорона", ки дар маркази илмии “Вектор”-и Роспотребнадзор коркард шудааст, низ ба минтақаҳо фиристода шуд. Оғози истифодаи ваксинаи сеюми русиягии “КовиВак” низ ба наздикӣ дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.