Ҷашни 30-солагии худро овозхон Манижа дар толори Crocus City Hall дар шаҳри Маскав таҷлил мекунад.

“8 июл 30-сола мешавам. Онро бо шумо дар толори Крокус ҷашн мегирам”, - навиштааст Манижа дар Instagram-и худ.

Барнома (шоу)-и нави ӯ ба мисли сурудаш «Russian Woman» (Зани рус) ном дорад, ки бо он Русияро дар озмуни “Евровидение-2021” намояндагӣ кард.

 

 

Билетҳоро метавон аллакай аз ҳозир бо ин суроға дастрас намуд. Билетҳо аз 1500 то 8 ҳазор рубл нарх доранд.

“Пас аз ҳунарнамоии ҷасурона дар душвортарин озмуни хориҷӣ, баъди имзои хеле зиёд қарордодҳо, ташаккули дидгоҳи комилан нав ба барномаи худ Manizha зодрӯзи худро ҷашн мегирад..., ки дар он ба таври ҳайратангез ҳунарнамоӣ хоҳад кард”, - гуфта мешавад дар варақаи матбуотӣ ба консерт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.