Меъмори маъруфи тоҷик Сироҷиддин Зуҳуриддинов бар асари беморие, ки дошт, имрӯз дар Душанбе, дар синни 69-солагӣ даргузашт. Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Душанбе ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Қарор аст имрӯз, дар шаҳри Душанбе маросими видоъ ва намози ҷанозаи ӯ баргузор шавад.

Сироҷиддин Зуҳуриддинов яке аз меъморони маъруфи тоҷик буд, ки тарҳҳои муосири меъмории шаҳри Душанбе маҳсул дониш ва тахайюли ӯ гуфта мешуд.

Аз ҷумла ӯ муаллифи тарҳҳои калони миллие чун Китобхонаи миллии Тоҷикистон, бинои Порлумони Тоҷикистон, бозори "Меҳргон", маркази савдои "Пойтахт", қароргоҳи ҳукуматӣ дар Ромит, истироҳатгоҳи президенти Тоҷикистон дар Пуғуси Вазоб, боғҳои Рӯдакӣ, Хайём ва ҷавонон,  толори қабулгоҳи намояндагони ҳукуматӣ дар фурудгоҳи Душанбе,  мадраса барои 1500 ҷой дар Душанбе,  маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакӣ ва ҳаммуаллифи  майдони  "Истиқлол"-и Душанбе  буд.

Сироҷиддин Зуҳуриддинов соли 1952 таваллуд шуда, хатмкардаи риштаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буд. Ҳамчунин барои ду сол дар ИМА дар риштаи сохтмону меъморӣ такмили ихтисос кардааст. 

Ӯ солҳои 1974-1995  ба унвони меъмор, меъмори калон, сармеъмори лоиҳаҳо, директори ИЛ "Душанбегипрогор" кор кардааст. Солҳои 1995-1997 Сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии ш.Душанбе, сармеъмори шаҳри Душанбе, 1997-2002 Сармеъмори устохонаи илмию эҷодии ТҶ "Академияи меъморӣ ва сохтмони ҶТ", 2002-2015 директори ҶСК "Саноатсоз" ва аз соли 2015 Мудири кулли устохонаи илмию эҷодии ТҶ "Академияи меъморӣ ва сохтмони ҶТ" буд.

Сироҷиддин Зуҳуриддинов доронадаи ордени "Шараф" ва аъзо-корреспонденти "Академияи меъморӣ ва сохтмони ҶТ" буд.

Ҳамчунин Зуҳуриддиновро муаллифи бархе аз биноҳои муосири сохтмонии солҳои ахири шаҳри Душанбе низ ном мебурданд.

Гуруҳи расонаҳои Asia-Plus марги ин меъмори варзидаро барои ҷомеаи Тоҷикистон як зоеъаи бузург медонад ва ба наздикону пайвандонашон дар ин мусибати сахт сабру шикебойӣ мехоҳад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.