Дар мавзеъҳои гуногуни шари Хуҷанд гурӯҳҳои корӣ байни аҳолӣ варақаҳо тақсим мекунанд, ки дар он номгӯйи тадбирҳои зиддиэпидемикӣ ва риояи талаботи беҳдоштиву гигиенӣ зикр шудааст.

Гурӯҳҳо бар асоси дастури раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода таъсис дода шуданд.

Дар маҳаллаву микрорайонҳо ва маконҳои серодам, аз ҷумла бозори марказии “Панҷшанбе”, марказҳои савдо ва истгоҳҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Аз одамон даъват мешавад, ки ба тарсу ҳарос наафтода, қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя намоянд.

1/11

Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки вазъияти эпидемиологӣ дар Хуҷанд зери назорати қатъии Ситоди шаҳрии пешгирии паҳншавии COVID-19 қарор дорад.

Ғайр аз ин, Маркази давлатии назорати санитариву эпидемиологии шаҳр корҳои безараргардонии як қатор кӯчаву хиёбон ва микрорайону маҳаллаҳоро дубора оғоз намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.