Шаби гузашта ба Тоҷикистон ҳудуди 3 млн воя (доза) ваксинаи зидди коронавирус оварда шуд.

Ин миқдор воя вакинаҳои зидди COVID-19 дар доираи татбиқи механизми COVAX ба Тоҷикистон ворид карда шуданд.

Тавре ки Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, шаби сипаришуда ба Тоҷикистон  2 млну 962 ҳазору 800 воя ваксинаи  “CoronaVac”-и истеҳсоли Чин  ворид гардид.

Ба ин тариқ, дар доираи механизми зикршуда ва ба сифати кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон зиёда аз 8 млн воя ваксинаи зидди коронавирус ворид карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибиқи иттилои манбаъ, аз шумораи умумии мақсадноки аҳолӣ, ки бояд бар зидди бемории сироятии COVID-19 ваксина бигиранд, то ба ҳолати 21 декабри соли равон дар Тоҷикистон 3 млн 648 ҳазору 917 нафар (62%) бар зидди сирояти мазкур ваксина гирифтаанд. Инчунин,  то ин дам 2 млн 891 ҳазору 471 нафар (49,1%)  шаҳрвандони кишвар бо вояи дуюми ваксина эм шудаанд.

Дар Тоҷикистон аз ваксинаи аврупоии Astrazeneca-и истеҳсоли Ҳиндустон, CoronaVac аз Чин,  Moderna ва Pfizer-м амрикоӣ, инчунин «Спутником V»-и Русия эм гирифтан имконпазир аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.