Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) Баҳодур Шарифӣ бо вазири захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии ин кишвар Абдурраҳмон Абдулманнон ал-Ур дидору гуфтушунид кард.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни вохурӣ масоили марбут ба ҳамкориҳо миёни Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии АМА баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, инчунин атрофи татбиқи Ёддошти тафоҳум байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти қувваи корӣ аз 16 апрели соли 2018 табодули назар сурат гирифт.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи Ёддошти тафоҳум, шаҳрвандони Тоҷикистон бар асоси қарордоди имзошуда байни коргар ва корфармо, ки мутобиқи қонунгузории АМА аз ҷониби Вазорати захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии ин кишвар тасдиқ шудааст, дар қаламрави АМА ба фаъолияти корӣ машғул шуда метавонанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҶТ, ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва АМА дар зарфи 11 моҳи соли гузашта 25,5 млн долларро ташкил дода, 1,8 маротиба зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Маблағи содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба АМА дар ин давра 9,4 млн доллар ва воридот аз АМА ба Тоҷикитсон - 16,1 млн долларро ташкил додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.