Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо истифода аз маблағи грантии 9,6 миллион Евро муассисаҳои қарзии маҳаллиро дар тавсеа додани қарздиҳӣ ба корхонаҳои хурду миёнае ки ҷузъи занҷираҳои арзиши иловашуда мебошанд, дастгирӣ мекунад.
21.01.2022. Душанбе. Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Завқӣ Завқизода ва Роҳбари дафтари минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ, Др. Андреас Шнайдер дар маросими имзокунии шартномаҳои интиқоли маблағҳои барномаи “Маблағгузории занҷираҳои арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ” бо 5 муассисаи молиявии маҳаллӣ – Бонки Арванд, ТАҚХ Финка, ТАҚХ Ҳумо, ТАҚХ Имон Интернешнл ва ТҚХ Оксус иштирок карданд.
Муассисаҳои муъодили маблағи 8,6 миллион евроро бо асъори сомонӣ ҳамчун қарзҳои дарозмуддат бо шартҳои сабук мегиранд, то битавонанд ба ширкатҳои хурду миёнаи кишвар ки ҷузъи занҷираҳои арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ мебошанд, қарзҳои қобили қабул пешниҳод кунанд. Завқӣ Завқизода ва Др. Андреас Шнайдер дар суханрониҳояшон иртиботи барномаро ба ҳадафи чоруми стратегии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати кишвар – ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ҳадафҳои Ҳамкории дуҷонибаи Олмону Тоҷикистон ба хотири рушд қайд карданд. Др. Шнайдер аҳамияти додани диққати махсус ба таъсири барнома ба занону ҷавон ва хавфҳои иқлимиро таъкид кард.
Як гуруҳ мушовирони байналмиллалӣ ва маҳаллӣ аз ширкати AFC Agriculture and Finance Consultants GmbH ба муассисаҳои қарзии шарики барнома дар муайян кардани занҷираҳои арзиши иловашудаи мақсаднок, таҳияи маҳсулоти қарзии қобили қабул ва беҳтар кардани модели тиҷораташон тавассути омӯзиш ва машваратдиҳӣ кӯмак мекунанд. Ин мушовирон инчунин ба ВРИС дар назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои барнома ва арзёбии таъсири он ба гуруҳҳои манфиатдор ёрӣ медиҳанд.
Барномаи “Маблағгузории занҷираҳои арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ” бо гранти 9,6 миллион еврои Ҳукумати Олон дар чорчӯбаи Ҳамкории Молиявии Олмону Тоҷикистон амалӣ мешавад. Шартномаи маблағгузории барнома моҳи сентябри 2019 ба имзо расидааст ва марҳилаи фаъоли барнома то соли 2024 идома меёбад.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо маблағҳоеро ки муассисаҳои қарзӣ бармегардонанд барои сохтмон ва таҷдиди объектҳои зерсохтори иҷтимоӣ дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон истифода мебарад. Ин кор ба хотири коҳиш додани зарари аз пандемияи COVID-19 ба миён омада, сурат мегирад.
Бонки Олмонии Рушд KfW бо супориши Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) аз соли 2002 барномаҳои Ҳамкории молиявии Олмон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ мекунад. Барномаҳои қаблӣ дар соҳаи молия ки якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо амалӣ гаштанд, барномаҳои рушди системаи молия дар деҳот ва барномаи маблағгузории манзилиро дар бар мегиранд. Ҳаҷми умумии маблағҳои дар чаҳорчӯбаи Ҳамкории молиявии Олмону Тоҷикистон аз соли 2002 инҷониб ҷудоа шуда 300 миллион евроро ташкил медиҳад.