Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта ба маркази таҷлили ҷашни Меҳргон табдил ёфт. Дар ин ҷо намоишгоҳ-ярмаркаи ҳосили ҷамъшуда ва хӯрокҳои гуногун аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Дар ин рӯз ҳамчунин фестивали заенбӯрпарварон, намоишгоҳ-фурӯши асал, иди себу ангур, ҷашнвораи “Оши палав”, намоишгоҳи биринҷ ва озмуни ҷумҳуриявии фарҳанги меҳмоннавозӣ ва оростани дастархон баргузор шуданд.

1/25

Ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон аз соли 2009 таҷлил мешавад. Меҳргон низ мисли Наврӯз қадимист. Меҳргон ҷашни тирамоҳӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун рамзи сипосгузорӣ барои неъматҳои табиат ва заҳмати деҳқонон, эҳтиром ба ягонагии инсон ва табиат таҷлил карда мешавад.

Соли 2009 ҳукумати Тоҷикистон дар бораи эҳёи ҷашни деҳқонон – Меҳргон, ки анҷоми ҷамъоварии ҳосилро ифода мекунад, қарор қабул кард. Аз ҳамон вақт Меҳргон ба таври қонунӣ ба рӯйхати идҳои расмӣ дохил карда шуд.

Қаблан Тоҷикистон дархост дода буд, ки ҷашни қадимаи деҳқонон – Меҳргон ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.