Имрӯз, 7-уми март Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни табрики модарону бонувон дар як чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модар дар Кохи "Борбад" аз ҳузури занон дар фазои сиёсӣ, шумораи вакилон аз ҳисоби занҳо, миқдори занон дар соҳаҳои гуногун сухан гуфта, аввалин нусхаҳои "Шоҳнома"- ро ба онҳо тақдим кард.

Ӯ дар оғози баҳор таҷлил гардидани ҷашни модаронро рамзи басо неки ба ҳам омадани ду нерӯи бузурги зиндагиофар ва ҳастисоз – модар ва табиат номид.

Вай гуфт, фаъолияти пурсамари занону бонувон ба ҳайси аъзои ҳукумат, вакилони мақоми олии қонунгузор, роҳбарони сохторҳои назди президент ва ҳукумати мамлакат, хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ, соҳаи бонкдорӣ ва соҳибкорони муваффақ равшан гувоҳӣ медиҳад, ки сиёсати давлати Тоҷикистон дар самти дастгирии занон ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо самараҳои нек ба бор оварда истодааст.

 

Ҳиссаи занон дар фазои сиёсӣ

Ба гуфтаи раисҷумҳури кишвар, имсол 18 зану бону ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон ва 747 нафар дар маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб гардидаанд, ки нисбат ба интихоботи гузашта зиёд будааст.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки то соли 2030 ба 30% расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва то 25% расонидани роҳбарон аз ҳисоби занҳо яке аз ҳадафҳои стратегияи миллии рушд аст.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон гуфт, солҳои 2020-2024-ум 121 бонуву зан ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардидаанд.


 

Беш аз ҳазор зан дар "Роғун" кор мекунанд

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи нутқи худ иштироки занонро дар бунёди нерӯгоҳи барқӣ-обии “Роғун” таъкид карда гуфт, “ҳоло беш аз ҳазор нафар занон баробари мардон дар “Роғун” заҳмат кашида истодаанд”.

Ҳамчунин таъкид намуд, ҳазорон занону бонувони тоҷик дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имрӯз хизмат карда истодаанд.

Ба гуфтаи Президенти кишвар, ҳоло дар кишвар 25% хизматчиёни давлатӣ, 73% кормандони соҳаи маориф, 71% кормандони соҳаи тиб, 47% кормандони соҳаи фарҳанг, 37% олимон ва 30% соҳибкоронро занон ташкил медиҳанд.


 

Беш аз 100 ҳазор соҳибкори зан ва саҳми онҳо дар рушди кишвар

Инчунин, 110 ҳазор соҳибкори инфиродӣ ва 53 ҳазор роҳбари хоҷагиҳои деҳонӣ занон будаанд.

Ба иттилои президент, тайи даҳ соли охир, яъне солҳои 2015 – 2024 барои дастгирии соҳибкории занон аз ҷониби ташкилотҳои қарзии мамлакат 27 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки беш аз 6 миллиард сомонии он танҳо ба соли 2024 рост меояд.

Илова бар ин, дар ин давра барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон 24 миллион сомонӣ грантҳои президентӣ ҷудо карда шудаанд.

“Ҳамчунин, ҳиссаи занону бонувони соҳибкор дар бунёд кардану ба роҳ мондани фаъолияти марказҳои хизматрасониву тиҷоратӣ, иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ торафт назаррас гардида истодааст”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

 

Нақши занон дар илм

Ӯ таъкид кард, ки ҳоло дар низоми бонкӣ 8,5 ҳазор зан кор мекунанд.

Ҳоло дар муассисаҳои соҳаи маориф аз ҳисоби занон 11 академик, 84 профессор, 131 доктори илм, 1000 номзади илм ва 608 дотсент фаъолият дорад.

Аз ҷумла, дар Академияи миллии илмҳо 743 зану бону фаъолият доранд, ки 80 нафари онҳо кадрҳои роҳбарикунанда, 2 нафар академик, 3 нафар узви вобаста, 33 нафар доктори илм, 109 нафар номзади илм, 104 нафар доктор аз рӯйи ихтисос ва 294 нафар магистр мебошанд.

Таъкид гардид, ки дар панҷ соли охир шумораи ихтироъкорон аз ҳисоби занон ба 210 нафар расид, аз ҷумла 5 нафар бо ихтирооти нодири худ дар сатҳи байналмилалӣ сазовори шоҳҷоиза ва медали тилло, 10 нафар соҳиби медали нуқра ва 1 нафар сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

Имрӯз дар 42 давлати дунё 13 ҳазор духтар таҳсил мекунанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор духтар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Ҳоло боз 100 ҳазор духтар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ба таҳсил машғуланд.

 

Тақдими "Шоҳнома" ва ҳушдор аз шомил шудани баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, ба ҳамаи иштирокдорони ин чорабинии идона аввалин нусхаҳои нашри пурраи «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсиро тақдим кард.

Дар шарҳи тақдими китобҳо гуфт, ки “тақдим кардани ин шоҳасари ҷовидонӣ ба шумо бесабаб нест. Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллат ҳазорон нафар родмардон, нобиғаҳову шахсиятҳои барҷастаи илму адаб ва қаҳрамонону паҳлавононро ба дунё овардаву ба камол расонидааст.


Ӯ дар идома аз нақши занону бонувон дар пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла дар масъалаи сару либос ва расму ойинҳои барои мардуми мо бегона таъкид карда илова намуд, ки “саъю талоши боз ҳам бештар ба хотири таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми бонувону занони гиромии мо мебошанд”.

“Шумо – модарону бонувони азиз ва духтарону хоҳарони меҳрубон, хуб мушоҳида мекунед, ки дар натиҷаи ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомил гардидани баъзе ҷавонони ноогоҳ чӣ қадар оилаҳо парешон, занону фарзандон овораву саргардон ва падару модарони онҳо дар назди ҷомеа сархам гардидаанд.

Онҳо бо амалҳои нангини худ, ҳамчунин, ба шаъну эътибори миллати тоҷик ва давлати тоҷикон иснод оварданд”, -гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Роҳари давлат таъкид кард, ки “Шумо метавонед дар амри пешгирӣ кардани чунин раванди номатлуб ва нанговар саҳми арзишманди модаронаи худро гузоред”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.