То 18-уми апрели соли 2025 дар Тоҷикистон 17 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” дар Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Мувофиқи маълумоти Шӯро, соли гузашта теъдоди собиқадорон 24 нафар буданд, ки давоми ин муддат 7 нафари онҳо аз дунё гузаштаанд.
Иштирокчиёни ҶБВ аз ҳама бештар дар вилояти Хатлон 8 нафар, дар вилояти Суғд - 2 нафар, шаҳри Душанбе - 2 нафар ва ноҳияҳои тобеи марказ - 5 нафар зиндагӣ доранд.
Куҳансолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Рашид Каримов дар деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунад, ки имсол 113-сола мешавад.
Бино ба маълумоти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ ба ҳолати 14-уми апрел дар кишвар 134 нафар собиқадорони ақибгоҳ, ки дар ҶБВ хидмат кардаанд, дар ҳаёт ҳастанд.
Қобили зикр аст ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд.




