Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон эълом дошт, ки тадбирҳои мубориза бо паҳншавии коронавирус дар кишвар шадидтар мешаванд, менависад хабаргузории “Анадолу”, ки 112.ua ба он истинод меорад.

Ба ин тариқ, аз имрӯз, 1 декабр фаъолияти ҳаммому сауна, ҳавзҳои шиноварӣ ва толорҳои варзишӣ дар Туркия боздошта шуда, воридшавӣ ба марказҳои савдо танҳо ба миқдори муайяни шахсон ва он ҳам бо рамз (код)-и рақамӣ иҷоза дода мешавад.

Гуфта мешавад, акнун дар тамоми қаламрави кишвар ҳамарӯза аз соати 21:00 то 05:00 соати комендантӣ амал намуда, аз соати 21:00-и шоми рӯзи ҷумъа то соати 05:00-и субҳи рӯҳи душанбе аз хона ба берун баромадан пурра манъ мешавад.

Ба гуфтаи Эрдуғон, амали соати комендантӣ ба кормандони як қатор соҳаҳо, аз ҷумла истеҳсолот, таъминот, бахшҳои тандурустӣ ва кишоварзӣ дахл надорад.

Зикр мегардад, ки бозору мағозаҳои хӯрокворӣ, дӯконҳои фурӯши гӯшт ва сабзавот дар рӯзҳои истиороҳат низ хизматгузориҳои расонидани маҳсулот ба хонаро анҷом дода метавонанд. Ба шаҳрвандони синни то 20-сола, инчунин шахсони синни аз 65-сола боло истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ манъ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.