Владимир Зеленский, президенти Украина бори аввал талафоти нерӯҳои кишварашро дар ҷанг бо Русия эълон кард. Ӯ 25-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, 31 ҳазор сарбози украинӣ ба ҳалокат расидаанд.
Зеленский зикр кард, ки ин танҳо теъдоди сарбозони кушташуда аст. Аммо ӯ теъдоди сарбозони захмӣ ва бедаракшударо нагуфт.
Ҳамчунин, ӯ дар бораи сокинони дар ин ҷанг кушташуда ҳам иттилоъ надод.
Ин дар ҳоле, ки қаблан Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, дар моҳи декабри соли 2023 гуфта буд, ки 383 ҳазор сарбозу афсари Украина кушта ва захмӣ шудаанд.
Владимир Зеленский зимни ин нишасти матбуотӣ талафоти Русияро дар ҷанг 500 ҳазор нафар баршумурд. Ба ин рӯйхати кушташудагон ва захмиён шомил мешаванд.
Маскав талафоти нерӯҳояшро дар алайҳи Украина бори охир моҳи сентябри соли 2022 наздики 6 ҳазор гуфта буд. Пас аз ин иттилои расмӣ ироа нашуд.
Як гурӯҳ аз рӯзноманигорони Медуза ва Медиазона тобистони соли 2023 натиҷаи таҳқиқоти худро нашр карданд. Дар он таъкид мешуд, ки теъдоди сарбозони кушташудаи Русия 47 ҳазор аст.