Специальный проект "«100 соли Тоҷикистон» " | Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus
Бекор кардан 

«100 соли Тоҷикистон» - СПЕЦИАЛЬНЫЙ ПРОЕКТ



Соли 2024 100 - солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон - аввалин давлати тоҷикон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ таҷлил мешавад. Ҳукумати Шӯравӣ ба халқи тоҷик чӣ дод ва осори 70 соли зиндагӣ дар ин низом чист? Бурду бохти ин давраро имрӯз, ки Тоҷикистон ба истиқлоли давлатӣ расидааст, чӣ гуна метавон арзёбӣ кард?

Мо итминон дорем, ки барои инкишоф ва рушди устувор ҷомеаи Тоҷикистонро зарур аст, то гузаштаи начандон дури худро дубора таҳлил кунад, аз хатоҳову бохтҳояш сабақ андӯзад ва фарҳехтагону муваффақиятҳояшро дуруст шинохтаву арҷгузорӣ кунад.

Бо ин мақсад, “Азия-Плюс” аз донишманди маъруфи тоҷик, доктори улуми таърих Сайфуллоҳи Муллоҷон хост таърихи ин давраро холисона таҳқиқу баррасӣ кунад.